Сообщения

Ин “ҷиҳод” не, бозиҳои геополитикист!

Изображение
Тибқи маълумоти солҳои қаблии мақомоти Тоҷикистон, таҳлили парвандаҳои ҷиноятӣ нишон додааст, ки беш аз 75 фоизи дастгиршудагон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб гардидаанд ва синну соли беш аз 52 фоизи онҳоро ҷавонони аз 18 то 30 — сола ташкил медиҳад. Гуфта мешавад аксари ин ҷавонон ба доми мубаллиғони интернетӣ афтода буданд.  Коршиносон омили асосии ин равандро дар камсаводии диниву истифодаи нодуруст аз шабакаҳои интернетӣ арзёбӣ мекунанд. Ифротгароӣ, ё ба истиллоҳи дигар - экстремизм дар шароити феълии ҷаҳонишавӣ  дар ҳар гӯшаву канори дунё, махсусан кишварҳои мусулмонӣ  нооромию бесуботиро ба дунбол дорад. Қурбоналӣ Раҷабзода яке аз ҷавононе мебошад, ки ба доми фиребу найранги чунин гуруҳҳои ифротӣ афтода буд. Ӯ барои пешбурди зиндагии худ ва наздиконаш ба Федератсияи Россия сафар карда, дар онҷо ба тиҷорат машғул мешавад.  Аммо баъди чанде бо даъвати як ҳамсинфаш ба Туркия сафар мекунад. Баъди ч...

Хатлон. Чор мушкили меҳварии идораҳои коммуналӣ

Изображение
     Норасоии техникаю кам будани қуттиҳои партовпартоӣ, таъмирталабу садамавӣ будани бинои идораҳо ва қарзи ташкилоту идораҳои буҷетию аҳолӣ масъулини “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и вилояти Хатлонро нигарон кардааст.  Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аҳолии вилояти Хатлон зиёд шуда, масъулияти ниҳоди болозикр барои кашонидани партовҳо зиёд шуда истодааст.   Ба иттилои сардори намояндагии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар вилояти Хатлон Нурулло Абдураҳимзода, айни замон идораҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 42 техника, аз ҷумла 28 техникаи партовкашонию 14 обпошак ва 700 қуттии партов эҳтиёҷ доранд. Феълан дар тавозуни корхонаҳои болозикри шаҳру ноҳияҳо 237 техника мавҷуд буда, 100 адади он корношояму таъмирталаб мебошанд.  -Аксарияти ин техника аз даврони собиқ Шӯравӣ буда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Норасоии техника асосан дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоят зиёд буда, аз ин мушкилот роҳбарияти болоӣ хабардор аст, - гу...

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ

Изображение
  Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар меҳвари сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Дар сарчашмаҳои таърихии фарҳанги мо зикр гардидааст, ки ду амал метавонад сарнавишти инсонро дигар намояд. Яке дуову дигар хайру саховат, яъне дасти имдод дароз намудан ба шахсони ниёзманд. Воқеан, саховат нишонаи ҷавонмардӣ ва соҳибдиливу инсони комил будан мебошад. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷомеаи мо бо ҳидоятҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои дастгирии ашхоси ниёзманд камари ҳиммат баста, ин амали хайри инсонӣ пайваста ба иҷро расонида мешавад.   Аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибон ва ғамхори ятимон, шахсони яккаву танҳо ва нафарони барҷомонда буда, мунтазам барои таъминоти онҳо чораҳои муассир меандешанд. Дар пайрави ба ин а...

Панҷ. Бунёди 35 синфхонаи иловагӣ

Изображение
  №94 (4356) 17.07.2021 Бо хар ҷ и 3 миллиону 250  ҳ азор сомон ӣ  дар назди 12 муассиса ҳ ои таълимии но ҳ ияи Пан ҷ  35 синфхонаи иловаг ӣ  сохта шуд. Тавре зимни суҳбат мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шарофиддин Асомиддинзода зикр кард, ин иқдом бо дастгирии падару модарон амалӣ гардида, то андозае мушкилоти норасоии ҷойи нишаст бартараф гардид. Дар назди даҳ муассисаи таълимӣ  бунёди 50 синфхонаи иловагии дигар бомаром идома дошта, қисмати зиёди онҳо дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар муассисаи таълимии рақами 36 сохт­мони панҷ синфхонаи иловагӣ муташаккилона идома дорад. Соли ҷорӣ дар ноҳия сохтмони мактабҳои рақами 9, 41 ва 45 ба нақша гирифта шуда, лоиҳаи онҳо омода ва ҷойи сохтмон низ муайян гардидааст. Инчунин, дар баробари ­бунёди синфхонаҳои иловагӣ, толорҳои варзишии мактабҳои рақами 36 ва 27 дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода до...

Тақдими манзили нави истиқоматӣ ба панҷгоникҳо

Изображение
  №74 (4336) 08.06.2021 Якуми июни соли равон, дар Р ӯ зи байналмилалии  ҳ ифзи к ӯ дакон, оилаи пан ҷ гоник ҳ о дар но ҳ ияи  Қ убодиён со ҳ иби манзили нав шуданд. Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, калиди манзили навро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода тақдим намуд. Манзили истиқоматӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияи Қубодиён ва сокинони хайрхоҳ дар муддати се моҳ бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, бо лавозимоти зарурии рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва рахти хоб муҷаҳҳаз мебошад. Инчунин, саломатии панҷгоникҳо Фотимаву Зуҳро, Ҳасану Ҳусейн ва Оиша хуб буда, ҳамеша зери назорати пизишкон қарор доранд. Ёдовар мешавем, ки сокини ноҳияи Қубодиён Дилноза Мамадова 30-юми декабри соли 2020 дар таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе панҷгоник ба дунё овард, ки дар кишвар рӯйдоди нодир ба ҳисоб меравад. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Са...

Ҷайҳун. 123 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуд

Изображение
  № 07.06.2021 Кишоварзони но ҳ ияи   Ҷ ай ҳ ун   соли   ҷ ор ӣ   дар   майдони  4  ҳ азору  23  гектар   пиёз   кишт   кардаанд ,  ки   ин   нишондод   нисбат ба   соли   гузашта  300  гектар   зиёд   мебошад . Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Пирназар Нуров иттилоъ дод, то охири моҳи май ҳосили зиёда аз 3 ҳазор гектари маҳсулот, ба миқдори 123 ҳазор тонна ҷамъоварӣ ва пешкаши харидорон шудааст. Аз маҳсулоти ҷамъоваришуда 15 ҳазор тоннаи он ба хориҷи мамлакат содирот гардид. Тибқи нақша, соли равон кишоварзони  ноҳия бояд 160 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ намоянд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 400 — сентнерӣ баробар мебошад. Аксар кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун аз камарзиш будани ин навъи маҳсулот шикоят доранд. Нархи як килограмм пиёз то 20 дирам поён фаромадааст, ки деҳқонон ҳатто хароҷоташонро намепӯшонанд. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»    ...

Ҳолати ногувори роҳҳои маҳаллии Хатлон

Изображение
  №70 (4332) 25.05.2021 Ба маълумоти к ӣ  бовар кунем? Сарму ҳ андиси Муассисаи давлатии «Идораи хо ҷ агии ро ҳҳ ои автомобилгард»-и минта қ аи Бохтари вилояти Хатлон Музаффар Холи қ ов зимни су ҳ бат гуфт, ки тайи се мо ҳ и аввали соли равон аз бу ҷ ет ҳ ои ма ҳ аллии ша ҳ ру но ҳ ия ҳ ои Левакант, Абдура ҳ мони  Ҷ ом ӣ , Носири Хусрав, Ша ҳ ритус,  Қ убодиён, Вахш ва но ҳ ияи Пан ҷ  барои таъмири ро ҳҳ ои ма ҳ алл ӣ  мабла ғ   ҷ удо нашудааст. Ин дар  ҳ олест, ки аксарияти ро ҳҳ ои ма ҳ алл ӣ  дар минта қ аи Бохтар ба таъмир ниёз доранд. - Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Хуросон ва Ёвон барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ маблағ ҷудо кардаанд, ки кифоя нест,- гуфт М. Холиқов. Даҳҳо ронанда дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон зимни суҳбат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки валангор будани роҳҳои маҳаллӣ боиси тез-тез фарсуда гаштани мошинҳои онҳо...

Шаҳритус. 92,6 фоизи иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Изображение
  №65 (4327) 15.05.2021 Барои сазовор пешвоз гирифтани  ҷашни 30 — солагии Исти қлолияти давлатии  Ҷум ҳурии То ҷикистон дар но ҳияи Ша ҳритус аз 365 иншооти на қшав ӣ 338 адади он (92,6 фоиз) бунёд ва мавриди ба ҳрабардор ӣ  қарор гирифт. Бо бунёд ва таъмиру навсозии 16 муассисаи таълимӣ, 10 муассисаи томактабӣ, 10 бунгоҳи тиббӣ, 10 маркази саломатӣ, 13 майдончаи варзишӣ, 4 дӯкони ҳунармандӣ, 17 иншооти саноатию истеҳсолӣ ва 3 сардхона сокинони зиёди маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Эркин Туйчиев гуфт, дар шаҳраки Шаҳритус майдони Исмоили Сомонӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ, боғи фарҳангию фароғатии Тус, маркази хизматрасонӣ, тӯйхона ва меҳмонхонаи «Марҳабо», қаҳвахона ва меҳмонхонаи «Чорбед», маркази хизматрасонии сеошёна ва меҳмонхонаи «Ваҳдат», шуъбаи маориф, қаҳвахонаи «Наврӯз» сохта, ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, дар чанд иншооти дигар, аз қабили м...

Бохтар. Бунёди 243 иншоот бо харҷи 300 миллион сомонӣ

Изображение
  №65 (4327) 15.05.2021 Ҷи ҳати омодагии  ҳама ҷониба ба  ҷашни 30 — солагии Исти қлолияти давлатии  Ҷум ҳурии То ҷикистон дар ша ҳри Бохтар ба мабла ғи 300 миллион сомон ӣ 243 иншооти таъиноти гуногун бунёд шуда, мавриди ба ҳрабардор ӣ  қарор гирифт. Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Валиҷон Ятимзода иттилоъ дод, тибқи нақша то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бояд 307 иншоот сохта шавад. Аллакай 76 фоизи онҳо, аз қабили 12 иншооти соҳаи маориф, 7 иншооти соҳаи тандурустӣ, 6 иншооти соҳаи фарҳанг, 6 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 15 муассисаи варзишӣ ва 44 маркази савдою хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин, 31 бинои баландошёна қомат афрохтааст. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Тақсимоти булаҷаби замин дар Ҷайҳун

Изображение
  Ё чаро мансабдорон даст ба ҷиноят мезананд? №49-50 (4311-4312) 17.04.2021 Дар но ҳияи  Ҷай ҳун за ҳкашеро пур кардаву онро барои бунёди хонаи исти қомат ӣ ба сокинон та қсим кардаанд. Ин амал дар де ҳаи  Ҷӯйбори де ҳоти « Қумсангир» ба ву қӯъ пайвастааст. Ба гуфтаи сокинон, ин корро соби қ раиси де ҳоти « Қумсангир» Муродбек А қса қолзода, ки феълан раиси ша ҳраки «Д ӯст ӣ»-и но ҳия мебошад, ан ҷом додааст. Раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода 17-уми феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, заҳкаше, ки аз хок пур карда шуд, дар доираи қонунҳои амалкунанда иҷро шуда, қонунист. Ӯ афзуд, ки он замини ғайрикишоварзӣ буда, хулосаи сохторҳои давлатӣ гирифта шудааст. - Ихтисоси ман муҳандис — заминсоз аст. Ҳамин ки ба ҳайси раиси ноҳия таъин шудам, он мавзеъро аз назар гузаронидам. Ҳамааш қонунӣ аст, — гуфт Абдулҳафиз Одиназода. Аммо ба суоли «Дар он мавзеъ чӣ қадар замин бо кадом қарори раиси ноҳия ва ба чанд оила тақсим шудааст?», — раиси ноҳия посух надод. Зимни н...

Хурмои Хатлон. Маҳсулоте, ки аз он метавон фоидаи хубе ба даст овард

Изображение
  Муҳаммадрабӣ Музаффаров, кишоварзест, ки пешбурди зиндагиашро имрӯзҳо бештар аз фурӯши меваи хушки хурмо мечархонад. Ӯ ин меваи хуштамъро хушк карда, маҳсулоти хушккардаашро ба харидорон аз вилояти Суғз бо арзиши 35 сомонӣ ба ҳар як килограмм мефурӯшад.   Ин таҷрибаи сердаромадро ӯ дар натиҷаи омӯзиш аз “Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон омӯхтааст.   Муҳаммадрабӣ Музаффаров дар майдони 12 гектар хоҷагии деҳқонӣ дошта, дар он бо аҳли оилааш ба кишоварзӣ машғул аст. Пештар таваҷҷуши асосӣ бештар ба пахтакорӣ дошт. Чун солҳои охир арзиши нархи пахта поён шуд табиист, ки фоидааш ҳам камтар шуд.  Дар боғи ин кишоварз ҳамагӣ 20 дарахти хурмо мавҷуд аст, ва тахминан ҳар як дарахт то 150 килограмм ҳосил медиҳад.  -Ман ягон вақт тасаввур намекардам, ки меваи хурморо хушк карда ҳам мешудааст ва дар натиҷаи хушк кардан онро бо нархи хеле баланд фурӯхтан мумкин бошад.  Аз набудани харидор ва арзиши паст доштани ин мева ҳар сол ҳос...

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 15-сола мешавад

Изображение
  №25-26 (4287-4288) 25.02.2021 - Донишкадаи энергетикии То ҷ икистон зодаи даврони исти қ лолият буда, дар р ӯ з ҳ ои баргузории чорабини ҳ о бахшида ба 30 — солагии Исти қ лолияти давлат ӣ , 15 — солагии он низ та ҷ лил карда мешавад, — гуфт ректори он Диловаршо Исозода зимни нишасти матбуот ӣ . Дар донишкада аз шумораи умумии омӯзгорон 35 нафарашон дорои дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм буда, 28 омӯзгору унвонҷӯ дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи аспирантураҳои дохил ва хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Дар нимсолаи якуми соли 2020 панҷ нафар аспирантону унвонҷӯён рисолаҳои номзадиро ҳимоя карда, сазовори дараҷаи илмии номзади илм гардиданд. Ҳафт нафар унвонҷӯ марҳилаи пеш аз дифоиро ба анҷом расонидаанд ва рисолаҳои номзадиашон дар арафаи ҳимоя мебошанд. - Боиси хушнудист, ки панҷ нафар донишҷӯёне, ки донишкадаро бо баҳои хубу аъло хатм карданд, ҳамчун омӯзгор ба кор қабул гардиданд, — гуфт дар фарҷом Д. Исозода. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

574 нафар тибқи квота таҳсил доранд

Изображение
  №20 (4282) 13.02.2021 - Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав 672 нафар, аз ҷумла, 29 профессору доктори илм, 142 номзади илму дотсент ва 387 саромӯзгору ассистент, дар 45 кафедра фаъолият доранд. Ҳамчунин, 33 устод ба фаъолият ҷалб шудаанд, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд, — иттилоъ дод ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ, ки ҳаштуми феврали соли ҷорӣ баргузор гардид. Ӯ гуфт, соли 2020-ум 20 устоди донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намуданд, ки шаш таҳқиқоти дар ин самт анҷомдода ба кафедраҳои равияҳои табииву риёзӣ рост меоянд. Соли гузашта 125 донишҷӯ аз тариқи онлайн дар олимпиадаи байналмилалӣ аз рӯи ихтисосҳои математика, физика, химия, информатика ва забони русӣ иштирок карда, 20 нафари онҳо ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Дар баробари ин, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона иштирок намуда, ҳафт нафарашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Имсол дар донишг...

Журналистон бо манзили зист таъмин мешаванд

Изображение
  №21 (4283) 16.02.2021 Нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки 10-уми феврали соли ҷорӣ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар баргузор гардид, аз суолу ҷавоб оғоз шуд. Дар қатори дигар саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма раиси вилоят ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Хатлон низ, ки иҷоранишинии қисмати зиёди рӯзноманигоронро ба миён гузошт, посух дода, аз ҷумла, гуфт: - Дар шаҳри Бохтар ва шаҳри Кӯлоб барои журналистон ҷиҳати бунёди манзил замин ҷудо ва бо дастгирии соҳибкорон бинои баланд­ошёна бунёд шуда, ба журналистони ниёзманд хонаҳо тақдим мегардад. Комиссияи махсус ташкил карда, ба зудӣ рӯйхати рӯзноманигорони ниёзмандро тартиб медиҳем. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон талош мекунад, ки ҳар чӣ зудтар ин иқдомро ба роҳ монад, — гуфт Қурбон Ҳакимзода. Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар хусуси ҷойивазкунии кадр­ҳои роҳбарикунанда, изофанависӣ дар кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба кор даровардани ...

Ҷайҳун. Чаро сохтмони мактаб 13 сол аст ба охир намерасад

Изображение
  №143 (4249) 26.11.2020 Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон соли 2007 сохтмони бинои муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда оғоз гардидаю то ҳол ба анҷом нарасидааст. Тибқи иттилои сардори шуъбаи соҳаҳои иқтисодии Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Холмуҳаммад Одинаев, муассисаи болозикр бояд соли 2015 мавриди истифода қарор мегирифт. Аммо аз сабаби набудани маблағ сохтмони он тӯл кашид. Арзиши умумии сохтмон зиёда аз 21 миллион сомониро дар бар мегирад. - Аз соли 2007 барои сохтмони мактаб 9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Барои пурра ба анҷом расидани корҳо боз 12 миллион сомонии дигар лозим аст. Сарраёсати молияи вилояти Хатлон кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки марҳила ба марҳила боқимондаи маб­лағро ҷудо намояд, — гуфт Холмуҳаммад Одинаев. Дар ҳамин ҳол сардори Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон Абдулвоҳид Саъдуллозода зикр кард, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур идома дорад. Соли 2020 бо ин мақсад 2 миллиону 850 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, мактаб, тибқи нақша, бояд соли 2021 ба истиф...

Нахустин корхона дар МОИ «Кӯлоб»

Изображение
  № 07.10.2020 Бо ибтикори соҳибкори ватанӣ, роҳбари ҶДММ «Тоҷик Алмос» Хайриддин Бобоев дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» нахустин субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд. Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, оид ба пешбурди фаъолият дар МОИ «Кӯлоб» бо ҶДММ «Тоҷик Алмос» созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Масъулини «Тоҷик Алмос» нақша доранд дар давоми 1,5 соли оянда корхонаи истеҳсоли қисмҳои мошинро бунёд намоянд. Сохтмони он дар 1 гектар замин ба нақша гирифта шуда, бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ сохта мешавад. Дар марҳилаи аввал масъулин ният доранд истеҳсоли ҳавотозакунак (ҳавоӣ ва равғанӣ) – ро барои воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба роҳ монанд. Баъди бунёди корхона 20 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд. Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» соли 2019 дар 309 гектар замин ба қайд гирифта шуда, соли равон ба фаъолият оғоз намуд. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»