Тақдими манзили нави истиқоматӣ ба панҷгоникҳо

 №74 (4336) 08.06.2021



Якуми июни соли равон, дар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, оилаи панҷгоникҳо дар ноҳияи Қубодиён соҳиби манзили нав шуданд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд, калиди манзили навро раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода тақдим намуд.

Манзили истиқоматӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияи Қубодиён ва сокинони хайрхоҳ дар муддати се моҳ бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, бо лавозимоти зарурии рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва рахти хоб муҷаҳҳаз мебошад.

Инчунин, саломатии панҷгоникҳо Фотимаву Зуҳро, Ҳасану Ҳусейн ва Оиша хуб буда, ҳамеша зери назорати пизишкон қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки сокини ноҳияи Қубодиён Дилноза Мамадова 30-юми декабри соли 2020 дар таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе панҷгоник ба дунё овард, ки дар кишвар рӯйдоди нодир ба ҳисоб меравад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Хатлон. Чор мушкили меҳварии идораҳои коммуналӣ