Сообщения

Сообщения за ноябрь, 2020

Хатлон. Чаро нақшаҳои андоз иҷро намешаванд? (чандрасонаӣ)

Изображение
  Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи ҷамъоварии андоз дар вилояти Хатлон андаке беш аз 100 фисад иҷро шуд. Аммо ин дар ҳолест, ки масъулини Раёсати андоз нақшаи се намуди андозро пурра иҷро карда натавонистанд.   Чӣ боис шуд? Саидзода Сангин, сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Раёсати андоз дар вилояти иттилоъ дод ки, дар нуҳ моҳи соли равон ба буҷет 7,1 миллион сомонӣ барзиёд ворид карданд. Аммо давоми сол андози иҷтимоӣ аз ҳисоби кормандони ғайрибуҷетӣ ба андозаи 96 фоиз, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 68 дарсад ва андоз аз воситаҳои нақлиёт 83 дарсад таъмин шудааст, гуфт ӯ ва илова кард, ки аз ин ҳисоб ба буҷети вилояти Хатлон бештар аз 30 миллион сомонӣ ворид нагардидааст. “Сабаби таъмин нашудани иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ ин фаъолият накардани корхонаҳо ва коҳиш ёфтани даромад аз музди меҳнат мебошад. Омили иҷро нашудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бошад, ин кам шудани хароҷоти корхонаҳо ба ҳисоб меравад. Сабаби таъми