Хатлон. Соҳаи сайёҳӣ аз мадди назар дур мондааст
Дар пан ҷ мо ҳи соли 2019 ба вилояти Хатлон беш аз 6 ҳазор сайё ҳи хори ҷӣ ташриф оварда, ба зиёратго ҳҳои вилоят 52,7 ҳазор нафар ме ҳмон шуданд. Вилояти Хатлон барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои зиёди ҳанӯз истифоданашуда дорад. Тибқи иттилои масъулини Раёсати рушди туризми вилоят, дар Хатлон танҳо се навъи туризм — шикор, экологӣ ва зиёрати марқади ходимони дин ба чашм мерасад, 77 мавзеи зебои сайёҳии тамошобоб, 795 ёдгории таърихӣ — фарҳангӣ мавҷуд буда, 4 ёдгории нодири таърихии вилоят — «Қалъаи Ҳулбук» — и ноҳияи Восеъ, шаҳраки «Тахти Сангин»-и ноҳияи Қубодиён, мадрасаи «Хоҷа Машҳад»-и ноҳияи Шаҳритуз ва «Аҷинатеппа»-и ноҳияи Вахш ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудаанд. Сабаби суст рушд кардани соҳа аз нигоҳи коршиносон муҳайё набудани инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, мошинсарой, роҳҳои бехавфи кӯҳӣ, коргоҳу мағозаҳои армуғонсозию армуғонфурӯшӣ, дӯконҳои махсуси фурӯши таҷҳизоти туристӣ, нақлиёт барои истироҳати фардии сайёҳон, аспҳои...