Ҷайҳун. 123 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шуд

 № 07.06.2021



Кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун соли ҷорӣ дар майдони 4 ҳазору 23 гектар пиёз кишт кардаандки ин нишондод нисбат ба соли гузашта 300 гектар зиёд мебошад.

Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Пирназар Нуров иттилоъ дод, то охири моҳи май ҳосили зиёда аз 3 ҳазор гектари маҳсулот, ба миқдори 123 ҳазор тонна ҷамъоварӣ ва пешкаши харидорон шудааст. Аз маҳсулоти ҷамъоваришуда 15 ҳазор тоннаи он ба хориҷи мамлакат содирот гардид.

Тибқи нақша, соли равон кишоварзони  ноҳия бояд 160 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ намоянд, ки ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 400 — сентнерӣ баробар мебошад. Аксар кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун аз камарзиш будани ин навъи маҳсулот шикоят доранд. Нархи як килограмм пиёз то 20 дирам поён фаромадааст, ки деҳқонон ҳатто хароҷоташонро намепӯшонанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»      

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?