Журналистон бо манзили зист таъмин мешаванд
№21 (4283) 16.02.2021
Нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, ки 10-уми феврали соли ҷорӣ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар баргузор гардид, аз суолу ҷавоб оғоз шуд.
Дар қатори дигар саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма раиси вилоят ба саволи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар вилояти Хатлон низ, ки иҷоранишинии қисмати зиёди рӯзноманигоронро ба миён гузошт, посух дода, аз ҷумла, гуфт:
- Дар шаҳри Бохтар ва шаҳри Кӯлоб барои журналистон ҷиҳати бунёди манзил замин ҷудо ва бо дастгирии соҳибкорон бинои баландошёна бунёд шуда, ба журналистони ниёзманд хонаҳо тақдим мегардад. Комиссияи махсус ташкил карда, ба зудӣ рӯйхати рӯзноманигорони ниёзмандро тартиб медиҳем. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон талош мекунад, ки ҳар чӣ зудтар ин иқдомро ба роҳ монад, — гуфт Қурбон Ҳакимзода.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма дар хусуси ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда, изофанависӣ дар кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, барқарор кардани Маркази гармидиҳии шаҳри Бохтар ва масоили дигар савол дода, посух гирифтанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий