Хатлон. Чор мушкили меҳварии идораҳои коммуналӣ
Норасоии техникаю кам будани қуттиҳои партовпартоӣ, таъмирталабу садамавӣ будани бинои идораҳо ва қарзи ташкилоту идораҳои буҷетию аҳолӣ масъулини “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и вилояти Хатлонро нигарон кардааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аҳолии вилояти Хатлон зиёд шуда, масъулияти ниҳоди болозикр барои кашонидани партовҳо зиёд шуда истодааст.
Ба иттилои сардори намояндагии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар вилояти Хатлон Нурулло Абдураҳимзода, айни замон идораҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 42 техника, аз ҷумла 28 техникаи партовкашонию 14 обпошак ва 700 қуттии партов эҳтиёҷ доранд. Феълан дар тавозуни корхонаҳои болозикри шаҳру ноҳияҳо 237 техника мавҷуд буда, 100 адади он корношояму таъмирталаб мебошанд.
-Аксарияти ин техника аз даврони собиқ Шӯравӣ буда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Норасоии техника асосан дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоят зиёд буда, аз ин мушкилот роҳбарияти болоӣ хабардор аст, - гуфт Н. Абдураҳимзода.
Ин шахси масъул афзуд, ки давоми моҳҳои сипаригардидаи соли равон бо харҷи 850 ҳазор сомонӣ 10 техника харидорӣ гардида, ба идораҳои коммуналии ноҳияҳои Кӯшониён, Дӯстӣ, Носири Хусрав, Хуросон, Шаҳритус, Панҷ, Ҷайҳун, Қубодиён, Восеъ ва Муъминобод дастрас карда шудааст. Ин техникаи харидашуда нав набуда, қаблан истифода шудаанд.
Нурулло Абдураҳимзода дар баробари норасоии техника аз таъмирталабу садамавӣ будани идораҳои коммуналии шаҳру ноҳияҳо ва сари вақт пардохт накардани ҳаққи хизмати коммуналӣ нигаронӣ карда гуфт, ки феълан идораҳои коммуналии ноҳияҳои Ховалингу Восеъ пурра дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, идораҳои коммуналии ноҳияҳои Темурмалик, Панҷ, Ҷайҳун, Вахш ва Кӯшониён таъмирталаб мебошанд.
Инчунин ба ҳолати якуми январи соли равон қарзи пардохтнашудаи ҳаққи хизмати коммуналӣ аз ҳисоби аҳолӣ 2 миллиону 696 ҳазор сомониро дар бар гирифта, корхонаҳои худмаблағгузор 493 ҳазор сомонӣ ва ташкилоту идораҳои буҷетӣ 1 миллиону 464 ҳазор сомонӣ қарздор мебошанд.
Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан аз шароити корӣ аз Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар дидан кардем. Роҳбари навтаъини ин корхона Маҳмадшариф Сараев зимни суҳбат гуфт, ки ҳоло аз вазъи ин идора ба пуррагӣ огоҳ нест.
-Аз набудани техника корхона тариқи шартнома бо техникаҳои сокинон партовҳои ҳудуди шаҳри Бохтарро кашонида истодааст. Аввалин коре, ки анҷом доданӣ ҳастам таъмири техникаҳо мебошад, - гуфт ӯ.
Иттилоъ гирифтем, ки аз 20 техникаи дар мувозинати идораи коммуналии шаҳри Бохтар буда, ҳамаашон таъмирталабу корношоям мебошанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ин техникаҳо ҳамаашон техникаҳои наву замонавӣ буда, чанд соле пеш дар доираи як лоиҳа ба корхона ворид гардида буданд. Инчунин маълумот гирифтем, ки давоми як соли охир дар ин корхона чанд роҳбар иваз шудааст. Аммо мушкилоти таъмирталаб будани техникаҳо роҳи ҳалли хешро пайдо накардааст.
Абдуғаффор Камолов, иқтисодчии идораи коммуналии ноҳияи Кӯшониён зимни суҳбат бо нигаронӣ гуфт, ки ба идораи онҳо ягон техникаи нав ворид нашудааст ва дар мувозинати идораи онҳо ҳамагӣ як техника мавҷуд буда, он ҳам корношоям мебошад.
-Соли гузашта ба унвонии ниҳоди ҷумҳуриявии хеш барои хариди техникаи нав се маротиба мактуб ирсол кардем. Аммо масъулини ниҳоди болоии мо ин хоҳиши моро иҷро накард. Соли сипаригардида танҳо 22 ҳазор сомонӣ барои таъмири техника ба идораи мо ҷудо гардида буд, ки бо ин маблағ ҳамон як техникаи идораро таъмир намудем. Бо гузашти андак вақт ин техника боз аз кор монда, таъмирталаб мебошад, - гуфт Абдуғаффор Камолов.
Ба гуфтаи ӯ аз набудани техника корхона бо як шаҳрванди ноҳия шартнома баста, ҳамарӯза барои кашонидани партовҳои ҳудуди ноҳия аз техникаи ӯ истифода мекунанд. Бар ивази кор ба соҳиби техника дар як рӯз 550 сомонӣ пардохт карда мешавад. Соли ҷорӣ низ аз ҷониби роҳбарияти идораи коммуналии ноҳияи Кӯшониён ба унвонии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ҷумҳурӣ барои таъмини техникаи нав мактуб ирсол гардидааст ва онҳо умедворанд, ки ин навбат хоҳиши онҳо иҷро хоҳад шуд.
Ба иттилои роҳбари КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳри Левакант Абдураҳмон Бузмаков дар мувозинати идораи онҳо 12 техника мавҷуд буда, аксарияти онҳо таъмирталаб мебошанд.
“Соли ҷорӣ бо дастгирии раиси шаҳр ба маблағи 80 ҳазор сомонӣ як техника харидорӣ карда шудааст. Дар мувозинати идораи мо техникаи махсуси партовкашонӣ вуҷуд надорад. Партовҳо бо трактор кашонида мешаванд. Дар шаҳр 11 нуқтаи партовпартоӣ мавҷуд буда, ҳамарӯза партовҳои сокинон сари вақт кашонида мешаванд. Чанд сол аст, ки мо мунтазири амалишавии як лоиҳа ҳастем. Агар ин лоиҳа амалӣ гардад, идораи мо бо техникаи наву замонавӣ таъмин хоҳад шуд.”-гуфт ӯ.
Перомуни харидорӣ кардани техникаи махсуси партовкашонӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ба Сарраёсати молияи вилояти Хатлон муроҷиат кардем. Сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Иззатуллозода Ҳабибулло гуфт, ки барои воридсозии техникаҳо ба идораҳои коммуналӣ аз ҳисоби буҷети вилоят ҷудошавии маблағ ба нақша гирифта нашудааст. Ба иттилои ӯ солҳои қаблӣ аз ҳисоби буҷет дар ин самт маблағ ҷудо мегардид. Аммо тайи ду соли охир барои ин масъала маблағ пешбинӣ намешавад.
Мусаллам аст, ки симои ҳар шаҳру ноҳияро аз тозагии он баҳо медиҳанд. Дар ин мавод мо танҳо аз мушкилоти ду шаҳру як ноҳия мисол овардем, ки норасоии техника кори ин идораҳоро мушкилзо кардааст. Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ноҳияҳое низ ҳастанд, ки аз набудани техникаи лозимӣ дар идораҳои коммуналӣ партовҳоро бо ароба ва моторолҳо мекашонанд. Оё бо аробаю моторол имкон ҳаст, ки маркаҳзои шаҳр ё ноҳияро аз партов тоза кард? Ин суолест, ки посухашро аз масъулини Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ҷумҳурӣ интизорем.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Комментарии
Отправить комментарий