Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ

 


Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар меҳвари сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. 

Дар сарчашмаҳои таърихии фарҳанги мо зикр гардидааст, ки ду амал метавонад сарнавишти инсонро дигар намояд. Яке дуову дигар хайру саховат, яъне дасти имдод дароз намудан ба шахсони ниёзманд. Воқеан, саховат нишонаи ҷавонмардӣ ва соҳибдиливу инсони комил будан мебошад. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷомеаи мо бо ҳидоятҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои дастгирии ашхоси ниёзманд камари ҳиммат баста, ин амали хайри инсонӣ пайваста ба иҷро расонида мешавад.  

Аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибон ва ғамхори ятимон, шахсони яккаву танҳо ва нафарони барҷомонда буда, мунтазам барои таъминоти онҳо чораҳои муассир меандешанд.

Дар пайрави ба ин амалҳои инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ибтикору ташаббасу раиси ғамхору чашмикордон Бахтиёр Назарзода тасмим гирифтааст, ки ба шаш оилаи ниёзманд хонаҳои истиқоматӣ бунёд намояд. 



-Раъиятпарварию ғамхорӣ, инсондӯстиву хирадмандӣ, дурбиниву дурандешӣ ва хислатҳои дигари волои инсонии Пешвои муаззами миллатро ҳар як тоҷикистонӣ эҳсос намудаву ифтихор ба сарвари худ мекунанд, - мегӯяд раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода. 

-Аз рӯзҳои аввали таъин шудан ба ҳайси раиси шаҳр, кӯшиш намудем, ки дастгири ниёзмандону маъюбон ва ашхоси камбизоат бошем. Чунки Пешвои муаззами миллат бо хислати нодири инсонпарваронаи хеш дар фикри беҳбудии шароити зиндагии мардуми эҳтиёҷманд, ятимон, барҷомондагон ва шахсони бесаробону камбизоат буда, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин табақаи ниёзмандро аз аҳли ҷомеа борҳо талаб намудаанд. Аз ин лиҳоз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб он ҳама дастуру супоришҳои Президенти мамлакатро ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи хеш қарор дода, аз рӯи он амал менамояд, - гуфт Бахтиёр Назарзода. 

Парвина Холова, сокини маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб буда, кӯдаки 14 – солаи маъюб дорад. 



-Баъди таъин шудани Бахтиёр Назарзода ба ҳайси раиси шаҳри Кӯлоб, чанд маротибае, ки ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат кардам, ба ман кӯмак намуданд, - гуфт бо хушнудӣ Парвина Холова ва афзуд, ки воқеан ҳам раиси шаҳр ҳамеша дастгири ниёзмандону маъюбон мебошад. -Дар баробари таъмин кардани аробачаи маъюбӣ барои фарзандам, боз барои мо хона сохта истодаанд, ки оилаи мо аз ин иқдоми раиси шаҳр басо хушнуд аст. Дар арафаи ҳар иду ҷашнвораҳо бошад, ба хонадони мо маводҳои хӯрока низ дастрас мегардад. Дар ҳақиқат раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода пайрави асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки пайваста бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба қишри ниёзманди ҷомеа кӯмак мерасонанд. Оилаи мо аз ин иқдоми ҷавонмардонаи раиси шаҳр хушнуду сарфароз буда, шукронаи сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мекунанд, ки дастгирии ашхоси ниёзмандро дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор додаанд, - мегӯяд Парвина Холова. 

-Ҳар вақте ки фарзанди маъюбам Абдумуталибро барои ҳавои тоза ба берун мебарорам, коркунии устоҳоро дида хурсанд мешавад. Гарчанде забони гӯё ҳам надошта бошад, аммо эҳсоси шодии қалбашро пайхас мекунам, чунки бо шавқ кори устоҳоро тамошо мекунад. Як лаҳза шодии фарзанд барои модар эҳсоси ногуфтанист. Шукри Худои меҳрубон мекунам, ки Офаридгор барои мо барин оилаҳои эҳтиёҷманд Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро офаридаасту ӯро Сарвари тоҷикон кардааст ва дастгирии мо барин табақаи ниёзманд ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Роҳбари хирадманди кишвар қарор дорад, - гуфт дар фарҷоми суҳбат Парвина Холова.


 
    

Дар байни шаш нафаре, ки барои онҳо хона бунёд карда истодаанд, модари яккаву танҳо Шаҳноза Боякова низ мебошад. 

Тавре зимни суҳбат Бахтиёр Назарзода иттилоъ дод, барои ин модари муштипар ду дар хона бо тамоми шароити рӯзгор бунёд шудаистодааст. То ба анҷом расидани бунёди хона, барои Шаҳноза Боякова хонаи иҷора бо беҳтарин шароит муҳайё карда шудааст, ки маблағи хонаи иҷора низ аз ҳисоби раиси шаҳр пардохт гардида истодааст.

Ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрзозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, хонаҳо то охири соли ҷорӣ сохта ба истифода дода шуда, бо тамоми лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин хоҳанд шуд. Барои корҳои сохтмонӣ беҳтарин мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардидаанд ва хонаҳо бо сифати баланд бунёд шуда истодаанд.

Дар Қуръони карим низ дастгирии ятимону мӯҳтоҷон ва кӯмак ба пирону ниёзмандон борҳо таъкид гардида, ин амали хайр вазифаи ҳар мусулмон ҳисобида шудааст. 



Тавре зимни яке аз баромадҳояшон Пешвои муаззами миллат аз як ҳадиси набавӣ ёдовар шудааст: “Чизи аввале, ки Худованди мутаол дар тарозуи амал мегузорад, ахлоқи нек ва саховат аст. Бовар дорам, ки шахсони саховатпешшаи мо, ки шумораи онҳо дар мамлакатамон кам нест, бо эҳсону накӯкории худ ба ятимону бепарасторон ва ниёзмандон ҳамеша дасти мамдад дароз мекунанд.” 

Воқеан ҳам ин иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб боиси таҳсину офарин аст.

Ин иқдоми ҷавонмардонаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзодаро бо ин мисраҳои волои Ҳаким Саноӣ ҷамъбаст менамоем:

Ҳама рӯз рӯза будан, ҳама шаб намоз кардан,

Шаби ҷумъаҳо нахуфтан, ба Худой роз кардан,

Зи Мадина то ба Каъба сару по бараҳна рафтан,

Ду лаб аз барои лаббайк ва вазифа боз кардан,

Ба Худо, ки ҳеҷ якеро самар он қадар набошад,

Ки ба рӯи ноумеде дари баста боз кардан.


Сулаймон СУЛТОНОВ, шаҳри Кӯлоб 


Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?