Сообщения

Сообщения за июль, 2018

Хатлон. Қанд зам мешаваду кам не (чандрасонаӣ)

Изображение
То ин дам дар қаламрави вилояти Хатлон зиёда аз 9 ҳазору 500 нафар аз бемории диабети қанд ранҷ мекашанд. Давоми се соли охир дар ҳудуди вилоят 199 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Он чи гуна беморист?     Мутахассисон мегӯянд, ки бемории диабети қанд яке аз бемориҳои эндокринологие мебошад, ки ҳангоми номунтазам кор кардани ғадуди зери меъда ба вуҷуд меояд. Дар ҳолати номунтазам кор кардани ғадуди зери меъда гармони инсулин ба хун кам хориҷ мешавад ё умуман хориҷ намешавад. Дар ин маврид меъёри қанди хун баланд шуда, боиси гирифтор шудан ба ин беморӣ мегардад. Диабети қанд ба тамоми рагҳои бадан осеб мерасонад. Масалан, вақте ба рагҳои гурда таъсири худро мерасонад, ин боиси норасогии фаъолияти гурдаҳо мегардад. Инчунин, бо вайрон кардани рагҳои хунгарди дил инсонро ба бемориҳои ишемикии дил, сактаи миокард (инфаркт) ё марги нобаҳангом оварда мерасонад. Иллатёбии рагҳои мағзи сар боиси ташаккули сактаи мағз мегардад. Вайроншавии рагҳои пой сабаби пайдоиши гангрена ё тахрифи х