Сообщения

Сообщения за декабрь, 2022

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ

Изображение
  Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар меҳвари сиёсати инсонпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.  Дар сарчашмаҳои таърихии фарҳанги мо зикр гардидааст, ки ду амал метавонад сарнавишти инсонро дигар намояд. Яке дуову дигар хайру саховат, яъне дасти имдод дароз намудан ба шахсони ниёзманд. Воқеан, саховат нишонаи ҷавонмардӣ ва соҳибдиливу инсони комил будан мебошад. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷомеаи мо бо ҳидоятҳои башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои дастгирии ашхоси ниёзманд камари ҳиммат баста, ин амали хайри инсонӣ пайваста ба иҷро расонида мешавад.   Аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибон ва ғамхори ятимон, шахсони яккаву танҳо ва нафарони барҷомонда буда, мунтазам барои таъминоти онҳо чораҳои муассир меандешанд. Дар пайрави ба ин амалҳои инсонпарваро