Хурмои Хатлон. Маҳсулоте, ки аз он метавон фоидаи хубе ба даст овард
Муҳаммадрабӣ Музаффаров, кишоварзест, ки пешбурди зиндагиашро имрӯзҳо бештар аз фурӯши меваи хушки хурмо мечархонад. Ӯ ин меваи хуштамъро хушк карда, маҳсулоти хушккардаашро ба харидорон аз вилояти Суғз бо арзиши 35 сомонӣ ба ҳар як килограмм мефурӯшад.
Ин таҷрибаи сердаромадро ӯ дар натиҷаи омӯзиш аз “Лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон омӯхтааст.
Муҳаммадрабӣ Музаффаров дар майдони 12 гектар хоҷагии деҳқонӣ дошта, дар он бо аҳли оилааш ба кишоварзӣ машғул аст. Пештар таваҷҷуши асосӣ бештар ба пахтакорӣ дошт. Чун солҳои охир арзиши нархи пахта поён шуд табиист, ки фоидааш ҳам камтар шуд.
Дар боғи ин кишоварз ҳамагӣ 20 дарахти хурмо мавҷуд аст, ва тахминан ҳар як дарахт то 150 килограмм ҳосил медиҳад.
-Ман ягон вақт тасаввур намекардам, ки меваи хурморо хушк карда ҳам мешудааст ва дар натиҷаи хушк кардан онро бо нархи хеле баланд фурӯхтан мумкин бошад. Аз набудани харидор ва арзиши паст доштани ин мева ҳар сол ҳосили дарахтони манро паррандаҳо мехурданд,-мегӯяд Муҳаммадрабӣ.
Ба гуфтаи ӯ нархи як килограмм меваи хурмо дар бозорҳо хеле ночиз аз 2 то 4 сомонӣ арзиш дорад. Боғдорон намедонистанд, ки онро чӣ кор кунанд. Аксарият дарахтони ин меваро нобуд мекарданд ва ба ҷойи он дарахтони серҳосили серхаридор мешинониданд. Муҳаммадрабӣ низ мехост дарахтони хурморо бурида, ба ҷойи онҳо дигар намуди дарахт шинонад. Чун дар доираи лоиҳа таҷрибаи хушк кардани хурморо омӯхт аз фикраш гашт. Дар соли аввал ин кишоварзи меҳнатдӯст 40 килограмм ин меваи фоидабахшро хушк карда, фоидаи хубе ба даст овард. Соли баъдӣ барои ӯ хеле соли пурмуваффақият аз ҳисоби хушк кардани хурмо буд, ки ӯ ба ин таҷриба таваҷҷуҳи бештар расона кард.
“Моҳи феврали соли 2020 масъулини Лоиҳа маро бо харидороне, аз вилояти Суғд, ки ба содироти хушкмеваи хурмо машғуланд шинос намуд. Дар натиҷаи ин шиносоӣ ман имкон пайдо кардам, ки ба онҳо 600 килограмм ҳосили хушккардаи хурмои хешро бо арзиши 35 сомонӣ ба ҳар як килограмм фурӯшам. Дар солҳои аввали хушккунии хурмо одамон маро механдиданд, ки наход хурморо ҳам хушк кунанд. Чун диданд, ки ман фоидаи хуберо ба даст овардам, ҳама ба ман офарин гуфтанд, - бо ханда мегӯяд Муҳаммадрабӣ.
Соли 2020 Муҳаммадрабӣ ва аҳли оилааш ду тонна ҳосили хушкардаи хурморо фурӯхта 60 ҳазор сомонӣ фоида ба даст овард ва аз ҳисоб барои маҳсулотҳои хеш сардхона бунёд кард. Ҳамчунин аз ҳисоби даромадаш барои сардхонааш як трансформатор харидорӣ кард.
Ин хоҷагидор аллакай ба мавсими нав омодагӣ гирифта истодааст. Ӯ нақша дорад боз 50 дарахти хурмо шинонида оянда меваи онро хушк кардаю ба фурӯш гузорад.
Таҷрибаи хушкардани меваи хурмо дар вилояти Хатлон таҷрибаи нав буда, хоҷагидорон кам аз он медонанд. Муҳаммадрабӣ аз ҳамкорӣ бо Лоиҳа хушнуд буда, ба дигар хоҷагидорон тавсия медиҳад, ки бо ин гуна лоиҳаҳо ҳамкорӣ карда шароити зиндагии хешро хубтар кунанд.
Комментарии
Отправить комментарий