Ҳолати ногувори роҳҳои маҳаллии Хатлон
№70 (4332) 25.05.2021
Ба маълумоти кӣ бовар кунем?
Сармуҳандиси Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард»-и минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Музаффар Холиқов зимни суҳбат гуфт, ки тайи се моҳи аввали соли равон аз буҷетҳои маҳаллии шаҳру ноҳияҳои Левакант, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Шаҳритус, Қубодиён, Вахш ва ноҳияи Панҷ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ маблағ ҷудо нашудааст. Ин дар ҳолест, ки аксарияти роҳҳои маҳаллӣ дар минтақаи Бохтар ба таъмир ниёз доранд.
- Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Хуросон ва Ёвон барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар се моҳи аввали соли ҷорӣ маблағ ҷудо кардаанд, ки кифоя нест,- гуфт М. Холиқов.
Даҳҳо ронанда дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон зимни суҳбат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки валангор будани роҳҳои маҳаллӣ боиси тез-тез фарсуда гаштани мошинҳои онҳо гаштааст.
Бино ба иттилои сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди (МДНРА)-и ноҳияи Панҷ — Талбӣ Мирзоев, аз 239 километр роҳи маҳаллии ҳудуди ноҳия 50 фоиз вазъи ногувор доранд. Соли гузашта аз ҳисоби буҷети ноҳия барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ тамоман маблағ ҷудо нагардид.
Сармуҳандиси МДНРА-и минтақаи Бохтар Музаффар Холиқов, иброз дошт, ки тайи се моҳи соли 2021 аз ҳисоби буҷети ноҳияи Панҷ тамоман маблағ ҷудо нашудааст, аммо сардори Идораи роҳҳои ноҳияи Панҷ Талбӣ Мирзоев ин иттилоъро рад карда гуфт, ки дар ин давра 15 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Ба суоли он ки чаро соли гузашта барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ маблағ ҷудо нагардид, сардори Раёсати молияи ноҳияи Панҷ Сафарзода Абдулло чунин посух гуфт: «Тибқи нақша, соли гузашта бояд 150 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ҷудо мегардид. Аз сабаби иҷро нашудани қисми даромади буҷети маҳаллӣ ин кор амалӣ нашуд. Соли ҷорӣ 100 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифтем ва дар се моҳи аввали сол 30 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд».
Суоли матраҳ ин аст, ки ба маълумоти кӣ бовар кунем? Сармуҳандиси МДНРА-и минтақаи Бохтар Музаффар Холиқов мегӯяд, ки тамоман маблағ ҷудо нашудааст, Талбӣ Мирзоев — сардори Идораи роҳҳои ноҳияи Панҷ гуфт 15 ҳазор ҷудо гардидааст ва сардори Раёсати молияи ноҳияи зикршуда Сафарзода Абдулло, иттилоъ дод, ки 30 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шудааст.
Перомуни ҷудо нагардидани маблағ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш Раҷабалӣ Иззатуллозода бо таассуф зикр кард, ки бо вуҷуди такрор ба такрор мактуб ирсол кардан ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия соли гузашта барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ маблағ ҷудо нагардид. Ӯ афзуд, ки дар се моҳи соли равон низ аз маблағ дарак нест.
Сардори Раёсати молияи ноҳияи Вахш Абдуқаҳҳор Улфатов эътироф кард, ки соли гузашта барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз буҷети ноҳия тамоман маблағ ҷудо нашудааст.
- Қарздории музди маош доштем ва дар ин баробар бемории COVID-19 хурӯҷ карда буд. Хароҷоти дуюмдараҷа қатъ шуданд. Аз ҳамин сабаб натавонистем маблағ ҷудо намоем. Имсол низ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ маблағ ба нақша гирифта нашудааст, — гуфт ин шахси масъул.
Тибқи иттилои сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант Наҳтулло Олимов, дар мувозинати идораи онҳо 50,5 километр роҳҳои маҳаллӣ мавҷуд аст, ки 60 дарсадашон таъмирталаб мебошанд. Номбурда омори идораи вилоятиро рад карда, гуфт, ки дар се моҳи соли ҷорӣ 15 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ихтисос дода шудааст. Дар моҳҳои минбаъда бояд 50 ҳазор сомонии дигар ҷудо шавад.
Сардори Идораи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Қубодиён Қурбоналӣ Хоҷаев тасдиқ кард, ки тайи се моҳи сипаригардидаи соли ҷорӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ маблағ ҷудо нашудааст. Соли гузашта 14 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, ки бо ин маблағи ночиз ба қадри имкон роҳҳои маҳаллӣ таъмири ҷорӣ шуданд. Дар мувозинати идора 144 километр роҳҳои маҳаллӣ мавҷуд будааст, ки қисмати зиёди онҳо ҳолати ногувор доранд.
Сардори Раёсати молияи ноҳияи Қубодиён Умед Мусофирзода зимни суҳбат гуфт, ки соли ҷорӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар буҷет маблағ пешбинӣ нашудааст.
Дар минтақаи Бохтар наздик ба ду ҳазор километр роҳи маҳаллӣ мавҷуд аст, ки бори охир таъмири онҳо дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом дода шудааст.
Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий