Ин “ҷиҳод” не, бозиҳои геополитикист!
Тибқи маълумоти солҳои қаблии мақомоти Тоҷикистон, таҳлили парвандаҳои ҷиноятӣ нишон додааст, ки беш аз 75 фоизи дастгиршудагон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб гардидаанд ва синну соли беш аз 52 фоизи онҳоро ҷавонони аз 18 то 30 — сола ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад аксари ин ҷавонон ба доми мубаллиғони интернетӣ афтода буданд. Коршиносон омили асосии ин равандро дар камсаводии диниву истифодаи нодуруст аз шабакаҳои интернетӣ арзёбӣ мекунанд.
Ифротгароӣ, ё ба истиллоҳи дигар - экстремизм дар шароити феълии ҷаҳонишавӣ дар ҳар гӯшаву канори дунё, махсусан кишварҳои мусулмонӣ нооромию бесуботиро ба дунбол дорад.
Қурбоналӣ Раҷабзода яке аз ҷавононе мебошад, ки ба доми фиребу найранги чунин гуруҳҳои ифротӣ афтода буд. Ӯ барои пешбурди зиндагии худ ва наздиконаш ба Федератсияи Россия сафар карда, дар онҷо ба тиҷорат машғул мешавад. Аммо баъди чанде бо даъвати як ҳамсинфаш ба Туркия сафар мекунад. Баъди чанд рӯзи истиқомат дар Туркия огоҳ мешавад, ки ба доми фиреби одамрабоён афтидааст. Аз ин рӯ, аз фикраш гашта, ба Ватан бармегардад.
Парвиз Набиев, ҷавони дигаре мебошад, ки 7 сол пеш ба хотири “ҷиҳод” ба Туркия сафар карда, мехост бо гуруҳи тундрави “Давлати Исломӣ” (дар Тоҷикистон гуруҳи ифротӣ ва манъшуда эълон шудааст) бипайвандад. Ӯ зимни суҳбат бо расонаҳо ин ҳодисаро чунин шарҳ дода буд:
Ба мо дар Туркия бештар дарсҳои ҷиҳодиро меомӯзониданд. Рӯзе моро бо мошин ба самти номаълуме мебурданд. Мо намедонистем, ки ба куҷо меравем. Дар роҳ, хайрият моро кормандони ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда, ба Анқара оварданд. Муддати чор моҳ дар яке аз шуъбаҳои ҳифзи ҳуқуқи ин шаҳр моро боздошт намуда, баъдан моро ба Белоруссия фиристоданд. Дертар аз ин кишвар ба Тоҷикистон баргаштем.
Ба гуфтаи руҳонии точик Меъроҷиддин Назруллоев яке аз сабабҳои асосии ба доми ин гуруҳҳои ифротӣ афтодани ҷавонони тоҷик аз бесаводист:
-Ин баҳси нав нест. Ҳатто дар давраи Паёмбари Худо, Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) дар байни мусалмонон нафароне буданд, ки бо ниқоби ислом аз дини Ислом суистифода мебурданд ва мақсадҳои нопоки худро амалӣ мекарданд.
Аммо бесаводии диниву дунявӣ танҳо сабабе нест, ки ҷавонони тоҷикро ба гуруҳҳои ифротӣ мебарад. Журналисти тоҷик Сайраҳмон Назриев, ки ин мавзӯъҳоро зиёд пайгирӣ намудааст, ҳамчунин сабабҳои дигари ҷиддиро низ аз асосиҳо медонад:
Фазосозӣ ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба ин гуна гуруҳҳо солҳо қабл дар Тоҷикистон барномарезӣ шуда буд. Пушти барномаҳои ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои тундрав маълум аст, ки созмонҳои махсуси ҷосусии кишварҳои хориҷӣ, ки ба хайри давлату миллати мо нестанд, истодаанд.
“Ҷалби ҷавонони зиёд ба гуруҳҳои тундрав аз надоштани дониши сиёсӣ ва тангназарии худи онҳо ба вуқуъ пайваста буд. Воқеаҳои охири ҷаҳон нишон доданд, ки ин гуруҳҳои террористию экстремистӣ ба кадом хадамотҳои ҷосусӣ рабт доранд. Масалан он ҳаводисе, ки дар Сурия рух дод. Ҷавонон бояд андешаи таҳлилӣ дошта бошанд ва инро бояд дарк намоянд. Фарзи мисол як роҳбари гуруҳҳои террористӣ, хатарноктарин террорист, ки Амрико барои сари ӯ 10 миллион доллар ваъда карда буд ва замоне ӯ дар ҳабс ҳам буд, имрӯз роҳбари Сурия бо кӯмаки Амрикову Исроил шудааст. Гуруҳҳои ҷосусие, ки бар зидди ӯ иттиҳом эълон карда буданд, имрӯз дасти ӯро мефишоранд ва ӯро ҳамчун роҳбари давлати Сурия эътироф мекунанд” - мегӯяд С. Назриев.
Ин рӯзноманигор бар ин ақида аст, ки гуруҳҳои террористӣ ба дини мубини Ислом ҳеҷ рабте надоранд. Онҳо гуруҳҳое ҳастанд, ки хадамотҳои махсуси абарқудратҳо онҳоро ташкил мекунанд ва ба манфиатҳои иқтисодии давлати хеш истифода мебаранд.
Ба андешаи Сайраҳмон Назриев феълан дар Тоҷикистон сатҳи гаравиш ба он гуруҳҳо хеле зиёд коҳиш ёфтааст.
-Бояд бештар байни муҳоҷирон дар мавриди баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқии онҳо корбарӣ карда шавад. Ин равандро аз мактаб бояд шуруъ кард, то ҷавонони мо бедор шаванд. Шуруъ аз замони мактабхонӣ дар зеҳни ҷавонон ин масъаларо бояд дуруст ҷо ба ҷо намоем. Агар аз ҳамин зина ин равандро ҷорӣ намоем, аз хурди дар зеҳни кӯдакону наврасон меҳри Ватан ҷо намудаю онҳоро донишманд ба воя расонем, онҳо ҳеҷ гоҳ ба ин гуна гуруҳҳои террористӣ шомил намешаванд. На танҳо мақомотҳои давлатӣ, балки созмонҳои ҷамъиятӣ, расонаҳо, дар маҷмӯъ ҳама қишри ҷомеа бояд дар ин самт корбарӣ намоянд. - мегӯяд С. Назриев.
Хатари ба ин гуруҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавононро руҳониёну коршиносон хеле ҷиддӣ арзёбӣ карда, мегӯянд, ки ин гумроҳонро аввал аз муҳаббати волидону хешу табор ва Ватан дур карда, онҳоро ба як одами манкурт табдил медиҳанд:
-Ҷавононе, ки омодаи иштирок дар чунин низоъҳои мазҳабӣ мешаванд, оё боре андешаи обрӯ ва нуфузи падару модар, оила ва билохира давлату миллати худро мекунанд? Не! Зеро онҳоро он қадаре мағзшӯӣ мекунанд, ки дигар барояшон ягон арзишу муқаддасот боқӣ намемонад. Ҳол он ки аз рӯи таълимоти динӣ хизмат ба волидайн ҳазорҳо маротиба афзалтар аз чунин “ҷиҳод” аст ва дӯст доштани Ватан ин худ имондорист, - мегӯяд руҳонӣ Меъроҷиддин Назруллоев.
Аз ҳамин хотир, коршиносон терроризм ва экстремизмро ҳамчун вабои қотили аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра арзёбӣ намуда, барои зиндагии минбаъдаи башарият хатари бузург ҳисоб мекунанд. Биноан, онҳо аз ҷавонон даъват менамоянд, ки бояд дурбин бошанду эҳсос намоянд, ки дар пушти ин гуна “ҷиҳодҳо”, ки ба дин ягон рабт надорад, бозиҳои бузурги сиёсӣ ва геополитикӣ нуҳуфтааст. “Агар ин нуктаро амиқ дарк намоянд, ҳатман побанди гуруҳҳои ифротӣ нахоҳанд шуд” мегӯянд онҳо.
Сулаймон СУЛТОНОВ

Комментарии
Отправить комментарий