Сообщения

Сообщения за июнь, 2023

Хатлон. Чор мушкили меҳварии идораҳои коммуналӣ

Изображение
     Норасоии техникаю кам будани қуттиҳои партовпартоӣ, таъмирталабу садамавӣ будани бинои идораҳо ва қарзи ташкилоту идораҳои буҷетию аҳолӣ масъулини “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и вилояти Хатлонро нигарон кардааст.  Ин дар ҳолест, ки ҳамасола аҳолии вилояти Хатлон зиёд шуда, масъулияти ниҳоди болозикр барои кашонидани партовҳо зиёд шуда истодааст.   Ба иттилои сардори намояндагии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар вилояти Хатлон Нурулло Абдураҳимзода, айни замон идораҳои хоҷагии манзилию коммуналии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба 42 техника, аз ҷумла 28 техникаи партовкашонию 14 обпошак ва 700 қуттии партов эҳтиёҷ доранд. Феълан дар тавозуни корхонаҳои болозикри шаҳру ноҳияҳо 237 техника мавҷуд буда, 100 адади он корношояму таъмирталаб мебошанд.  -Аксарияти ин техника аз даврони собиқ Шӯравӣ буда, ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Норасоии техника асосан дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилоят зиёд буда, аз ин мушкилот роҳбарияти болоӣ хабардор аст, - гуфт Н. Абдураҳимзода. Ин шахси