Сообщения

Сообщения за март, 2018

Тақдири норушани занҳои мардикор дар барномаи Sutori.com

Тақдири норушани занҳои мардикор

Изображение

Харитаи сохташуда бо барномаи Story Map.Сафар ба Узбекистон

Хатлон. Ҳунарҳои мардумӣ дар маркази таваҷҷуҳ

Чанде пеш бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Бохтар таҳти унвони «Нақши занон дар рушди ҳунарҳои миллӣ» Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон баргузор шуд. Он аз се қисм — конференсияи илмӣ — амалӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Тараннуми ҳунар» иборат буд. Муовини раиси вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар таъкид кард, ки аз ҷониби Пешвои миллат эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба арзишҳои фарҳангӣ беш аз пеш арҷ гузошта мешавад. Аз ин лиҳоз, мебояд, ки дар самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, боло бардоштани мавқеи ҳунару ҳунарманд дар ҷомеа фаъол бошем. - ҷуғрофидони асри Х Муқаддасӣ дар бораи Хатлон навиштааст: «Аз Хатлонзамин гулдӯзиҳои беҳтарин ва кашидадӯзиҳои зеборо ба бозори ҷаҳонӣ мебурданд», — иброз дошт муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова. — Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони Сомониён дар Хатлон м

Ошкори 2265 қонунвайронкунӣ зимни 106 санҷиш

Прокуратураи вилояти Хатлон баробари ­ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият аз судури эътирозҳои прокурорӣ ба 160 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо хабар дод. Аз ин шумора 85 эътироз ба раисоне тааллуқ дорад, ки ҳоло ҳам адои вазифа мекунанд. Ин ниҳод дар натиҷаи гузаронидани 106 санҷиш 2 ҳазору 265 қонунвайронкуниро ошкор намуда, барои бартараф кардан 612 санад бароварда, 1 ҳазору 309 нафарро ба ҷавобгарии интизомию моддӣ кашид. Ҷиҳати ғайриқонунӣ ҷудо кардани замин, худсарона ишғол намудани он ва дигар ҷиноятҳои ба замин алоқаманд 272 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд. Аз ин шумора 59 парванда ба мансабдороне мутааллиқ аст, ки бевосита ба замин сарукор доранд. Чунончӣ, 12 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба раисони кумитаҳои идораи замин, 24 парванда нисбат ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, 12 парванда нисбат ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 9 парванда нисбат ба дигар шахсони мансабдор оғоз шудааст. Аз ибтидои сол Прокуратураи вилоят ҷавобгарии ҷиноятии шахсонеро ба роҳ мондааст, ки бевосита дар саргаҳи мушк

Қӯрғонтеппа соҳиби автобусҳои мусофирбар мегардад

Бино ба гуфти раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода, дар шашмоҳаи аввали соли равон ба шаҳр 16 автобуси мусофиркаш ворид хоҳад шуд. Барои харидории автобусҳо Бонки рушди Аврупо маблағгузорӣ хоҳад кард. Маблағи умумии лоиҳа 10 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва амалишавии он то соли 2021 идома меёбад. Дар марҳилаи якуми лоиҳа 39 адад автобус ва дар марҳилаи дуюм 100 адад таксии замонавӣ ба Муассисаи давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» ворид хоҳад шуд. Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа мушкили набудани нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашро ба назар гирифта, тасмим гирифт Муассисаи давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон»- ро таъсис диҳад. Айни замон сохтмони парки нақлиётӣ барои ин корхона дар майдони 4,5 гектар, бо ­маблағи 2 миллион доллари амрикоӣ, оғоз ёфтааст. Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

"Вахш" "Хатлон" ном гирифт

Клуби футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа минбаъд «Хатлон» ном бурда мешавад. Клуби футболи «Вахш», ки соли 1969 таъсис ёфта буд, солҳои тӯлонӣ дар Лигаи дуюми чемпионати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бозӣ кардааст. ­Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ клуб дар Лигаи олии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ карда, чандин маротиб ба гирифтани унвони қаҳрамонӣ соҳиб гардид. Ду-се соли охир даста ба мушкилоти молиявӣ рӯ ба рӯ шуд. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарпарастии дастаро бар уҳда гирифта, он ба Муассисаи давлатии «Клуби футболи Хатлон» табдил ёфт. - Аз буҷаи шаҳр дар соли 2018 барои клуби футболи «Хатлон» як миллион сомонӣ ҷудо шудааст. — Мо умед дорем, ки тим дар сабқатҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳунарнамоӣ намуда, хотири мухлисонро болида мегардонад, — гуфт раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Абдуалим Исмоилзода. Сулаймон Султонов, «Садои мардум»