Сообщения

Даъвати баҳории ҷавонон ба Артиш

Изображение
4-уми апрели соли 2019 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – ша ҳ ри Бохтар дар сат ҳ и хеле баланд «Р ӯ зи даъватшаванда» баргузор гардид. Нахуст аз назди Комиссариати ҳарбии вилоят то майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даъватшавандагон қадамзании низомӣ доир намуданд. Сипас, комиссари ҳарбии вилояти Хатлон, полковник Куганзода Ҳаким Самад Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №1230 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992 – 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»-ро қироат намуд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид кард, ки таъминкунандаи асосии бехатарӣ, амнияти давлат ва сулҳу суботи кишвар артиш мебошад. - Дар давраи мавҷудият Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол собит кард, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат дар таъмини сулҳу субот нақши муассир д...

Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бунёдкорӣ дар авҷ аст

Дар доираи омодаг ӣ ба та ҷлили  ҷашни умумимиллии 30-солагии Исти қлолияти давлатии  Ҷум ҳурии То ҷикис­тон дар но ҳияи Пан ҷи вилояти Хатлон се соли оянда бунёди 137 иншооти хурду бузург ба на қша гирифта шудааст. Бино ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Фазлиддин Саидов, соли 2018-ум 15 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Имсол дар нақша аст, ки 61 иншооти дигар ба истифода дода шавад. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 4 иншоот — коргоҳи истеҳсоли айнакҳои тиббӣ, бинои нозироти минтақавӣ дар деҳоти ба номи Кабуд Сайфуддинов, маркази хизматрасонӣ ва дидбонгоҳ дар даромадгоҳи ноҳия ба истифода дода шуданд. Тибқи нақша, ба хотири боз ҳам беҳтар кардани шароити илмомӯзии хонандагон, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми мамлакат бунёди муассисаи таълимӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 1 ҳазору 200 хонанда дар ду баст дар назар аст. Барои сохтмони муассисаи таълимӣ 16 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин, бо дастгирии молиявии...

Аз фаъолияти Маҷлисҳои халқи маҳаллӣ Хатлон. 9 миллиону 100 сомонӣ қарзи музди меҳнат пардохта шуд

28 март Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он, қабл аз ҳама, масъалаи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод кардани Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ва ба вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин гардидани Ҳакимзода Қурбон баррасӣ шуд. Вобаста ба масъалаи дуюм – «Амалигардонии «Барномаи давлатии пешгирии вируси масунияти одам барои солҳои 2017 – 2020» муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимии аҳли ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин самт чанд барномаи давлатӣ ва стратегияи миллӣ амалӣ шуда истодааст. – Алҳол дар ҷаҳон беш аз 53 миллион нафар ба беморӣ гирифтор мебошанд, ки аз ин шумора 5,7 миллионашро кӯдакони синни то 15 ташкил медиҳанд. Дар вилояти Хатлон 3042 нафар гирифтори бемории вируси масунияти одам ба қайд гирифта шудааст, ки 62,3 дарсадашро мардон ва боқимондаро занон ташкил медиҳанд. Ин беморӣ хатарнок буда...

Бунёди муассисаи таълимӣ дар Кӯшониён

Бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Фонди саудии рушд дар деҳаи Обшорони деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён сохт­мони бинои 4-ошёнаи муассисаи таълимӣ барои 620 хонанда дар як баст оғоз гардид. Маблағи умумии сохтмони он зиёда аз 10 миллион сомониро дар бар мегирад. Тибқи нақша, бинои мактаб соли 2020 бояд ба истифода дода мешавад. Корҳои сохтмониро ҶДММ «Фирӯз» ба уҳда дорад. Муассисаи таълимӣ дорои 32 синфхона, ошхона, маҷлисгоҳ, толор ва майдончаи варзишӣ хоҳад буд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтан дар он 70 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд. Сулаймон СУЛТОНОВ,  «Садои мардум»

Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сохтмони аввалин бинои баландошёна дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Имр ӯз ҳо дар саросари мамлакат ба исти қболи  ҷашни 30 — солагии Исти қлолияти давлатии  Ҷум ҳурии То ҷикистон кор ҳои созандагию бунёдкор ӣ бомаром идома доранд. Аз  ҷумла, дар но ҳияи  Ҷалолиддини Балх ӣ ба ин муносибат бунёди 159 иншооти таъиноти гуногун ба на қша гирифта шудааст, ки аллакай ну ҳ адади он ҳо мавриди истифода  қарор гирифтааст.  Ҳоло дар 40 иншоот кор ҳои сохтмон ӣ, дар 92 иншоот кор ҳои  ҳу ҷҷатгузорию лои ҳакаш ӣ идома дорад. Дар баробари ин, 200 иншооти дигар таъмиру азнавсоз ӣ мешаванд. Бино ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Сайдалӣ Маҳмуродов, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳоти «Маданият» соли ҷорӣ корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 600 ҳазор тонна дар як сол ба истифода дода хоҳад шуд. Корхона бо харҷи 350 миллион сомонӣ бунёд гардида, 120 нафар сокини маҳаллиро ба ҷойи корӣ доимӣ таъмин месозад. Номбурда, ҳамчунин зикр намуд, ки дар деҳоти «Ҳалевард» бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар майдони 25...

Ҷодаҳои вайрон дар Хатлон (чандрасонаӣ)

Изображение
Аз 1 ҳазору 979 километр роҳҳои маҳаллии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон танҳо 25 дарсади онҳо ба талабот ҷавобгӯянд. Соли 2018 барои таъмири роҳҳо аз буҷети шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар 1 миллиону 911 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ба ҳар як километр ҳамагӣ 55 сомонӣ рост меояд. Infogram Ҳимати андаки ноҳиядорон Нокифоя будани маблағ ё дар баъзе маврид тамоман ҷудо нашудани он аз буҷети шаҳру ноҳияҳо сабаби асосии ба ҳолати ногувор расидани ҷодаҳо дониста мешавад. Муовини сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон Набӣ Ёқубов иброз дошт, ки тибқи талаботи мавҷуда танҳо барои таъмири як километр сатҳи болоии роҳ зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ зарур аст. Аз ин нуқтаи назар, бо он маблағе, ки аз буҷети шаҳру ноҳияҳо ҷудо мегардад, наметавон ҳолати роҳҳоро хубнигоҳ дошт. Тавре ҷаноби Ёқубов зикрнамуд, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 639 аз 2 декабри соли 2009, нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ ...

Хуросон. Бист соли беобӣ (чандрасонаӣ)

Изображение
Аз 111 ҳазор аҳолии ноҳияи Хуросон танҳо 19 дарсадашон бо оби доимии нӯшокӣ таъминанду бас. Мардум дар интизори 50 миллион еврои Ҷопонанд, ки дар ин сурат имкон дорад 85%-и сокинон бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин шаванд.          Бо вуҷуди мавҷуд будани захираҳои кофии об дар Тоҷикистон, бархе аз сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҳоло дар мисоли истиқоматкунандагони ноҳияи Хуросон, аз нарасидани оби ошомидании аз ҷиҳати экологӣ тоза танқисӣ мекашанд. Вақте иқдоме аз ҷониби ҳукумат нест...          Аксар сокинони ноҳияи Хуросон дар назди хонаҳояшон чоҳ кофта, баҳри қонеъ кардани эҳтиёҷоти хеш онҳоро дар фасли боришот бо оби борон ва дигар вақт бо оби харида пур мекунанд.          Қ одирал ӣ Забиров, сокини ҷ амоати ша ҳ раки “Обикиик”-и но ҳ ия , бо таассуф из ҳ о р намуд, ки аз набудани об киштзор ҳ ояшонро соле як маротиба фақат дар фа...