Бунёди муассисаи таълимӣ дар Кӯшониён

Бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо»-и назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Фонди саудии рушд дар деҳаи Обшорони деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Кӯшониён сохт­мони бинои 4-ошёнаи муассисаи таълимӣ барои 620 хонанда дар як баст оғоз гардид. Маблағи умумии сохтмони он зиёда аз 10 миллион сомониро дар бар мегирад. Тибқи нақша, бинои мактаб соли 2020 бояд ба истифода дода мешавад. Корҳои сохтмониро ҶДММ «Фирӯз» ба уҳда дорад.
Муассисаи таълимӣ дорои 32 синфхона, ошхона, маҷлисгоҳ, толор ва майдончаи варзишӣ хоҳад буд. Баъди мавриди истифода қарор гирифтан дар он 70 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?