Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бунёдкорӣ дар авҷ аст

Дар доираи омодагӣ ба таҷлили ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон се соли оянда бунёди 137 иншооти хурду бузург ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Фазлиддин Саидов, соли 2018-ум 15 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Имсол дар нақша аст, ки 61 иншооти дигар ба истифода дода шавад. Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 4 иншоот — коргоҳи истеҳсоли айнакҳои тиббӣ, бинои нозироти минтақавӣ дар деҳоти ба номи Кабуд Сайфуддинов, маркази хизматрасонӣ ва дидбонгоҳ дар даромадгоҳи ноҳия ба истифода дода шуданд.
Тибқи нақша, ба хотири боз ҳам беҳтар кардани шароити илмомӯзии хонандагон, бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми мамлакат бунёди муассисаи таълимӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 1 ҳазору 200 хонанда дар ду баст дар назар аст. Барои сохтмони муассисаи таълимӣ 16 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин, бо дастгирии молиявии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо харҷи 11 миллион сомонӣ сохтмони литсеи касбӣ — техникӣ оғоз хоҳад шуд.
Илова ба ин, соли ҷорӣ бо маб­лағгузории ширкатҳои хориҷӣ дар маҳаллаи Коммунизми деҳоти «Намуна» хатти оби нӯшокӣ ба истифода дода мешавад, ки тавассути он беш аз 200 хоҷагӣ бо оби ошомиданӣ таъмин мегардад. Лоиҳа бо харҷи 9 миллион сомонӣ амалӣ хоҳад шуд.
- Дар баробари ташкилоту идораҳо, соҳибкорон, инчунин, бо саҳми раиси ноҳия Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабуд қасри фарҳанги деҳоти Кабуд Сайфуддинов бо маб­лағи 10 миллион сомонӣ таъмири асосӣ карда мешавад, — гуфт Фазлиддин Саидов.
****
 Мутобиқи нақша дар ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ бунёду таъмири 155 иншоот дар назар аст. Соли 2018 қисме аз он — сехи консерварбарорӣ, ки 20 сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуд, меҳмонхонаю тарабхона, биноҳои маъмурӣ, ҳаммом, бинои 4 — ошёнаи мағоза, нуқтаҳои хизматрасонӣ ва бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Соли ҷорӣ боз 23 иншооти дигар, ба монанди бинои кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул (бо харҷи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ), муассисаи таълимии дуошёнаи №25 дар деҳоти «Дӯстӣ» барои 240 хонанда дар як баст (бо сарфи 2 миллион сомонӣ), бунгоҳи тиббӣ, сартарошхона, дорухона, 50 синфхонаи иловагӣ ва ғайра ба истифода дода хоҳад шуд.
Мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Фатҳулло Зеров иттилоъ дод, ки алҳол сохтмони бинои 5 — ошёна барои хизматчиёни давлатӣ оғоз гардидааст ва тибқи нақша соли 2020 ба истифода дода мешавад. — Ҳамчунин, — илова кард ӯ, — варзишгоҳи маркази ноҳия бо сарфи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ мегардад.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?