Хуросон. Бист соли беобӣ (чандрасонаӣ)
Аз 111 ҳазор аҳолии ноҳияи Хуросон танҳо 19 дарсадашон бо
оби доимии нӯшокӣ таъминанду бас. Мардум дар интизори 50 миллион еврои
Ҷопонанд, ки дар ин сурат имкон дорад 85%-и сокинон бо оби тозаи нӯшиданӣ
таъмин шаванд.
Бо вуҷуди мавҷуд будани захираҳои кофии об дар
Тоҷикистон, бархе аз сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ҳоло дар мисоли
истиқоматкунандагони ноҳияи Хуросон, аз нарасидани оби ошомидании аз ҷиҳати
экологӣ тоза танқисӣ мекашанд.
Вақте иқдоме
аз ҷониби ҳукумат нест...
Аксар сокинони ноҳияи Хуросон
дар назди хонаҳояшон чоҳ кофта, баҳри қонеъ кардани эҳтиёҷоти хеш онҳоро дар
фасли боришот бо оби борон ва дигар вақт бо оби харида пур мекунанд.
Қодиралӣ Забиров, сокини ҷамоати шаҳраки “Обикиик”-и ноҳия, бо таассуф изҳор намуд, ки аз набудани об киштзорҳояшонро соле як маротиба фақат дар фасли баҳор шодоб карда метавонанд.
Дигар вақт заминҳо холӣ мемонанд. Ба қавли ӯ, аз соли 1994 то ин ҷониб
мушкилоти набудани об роҳи ҳал пайдо накардааст. “Чоҳро бо оби борону барф ва
оби харида пур карда, кӯшиш мекунем, ки онро сарфакорона истифода барем. Агар
об тамом шавад, маҷбурем, ки аз ҳамсоя об талабем”,-афзуд вай.
Солҳо боз наомадани об
тавассути хатҳои обгузари, ба истилоҳ давлатӣ, бошандагони биноҳои 5-ошёнаи
маҳаллаи Исмоили Сомонии маркази ноҳияро бештар аз ҳама нигарон кардааст.
Муродгул Юлдошева, истиқоматкунандаи ин маҳалла, зимни суҳбат бо мо иброз
намуд, ки дар бинои онҳо 60 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Аксари онҳо дар ҳавлии бино
барои аъзои оилаи худ чоҳ кофта, обро дар онҳо бо ёрии мошинҳои обкаш захира
мекунанд. “Чанд сол аст, ки масъулин ба мо ваъдаи биноро бо об таъмин кардан
медиҳанд, аммо то ҳол он ваъдаҳо иҷро нашудаанд”,-илова намуд ӯ. Сокини дигари
ин маҳалла, Идимоҳ Гапарова зимни суҳбат иброз намуд, ки аз соли 1992 то
инҷониб баъди фарсудаю корношоям гаштани қубурҳои обгузар дар ин биноҳо таъмини
оби нӯшокӣ ба сокинон қатъ гардид.
Мақомот:
“Нанӯшед!”. Мардум: “Чӣ нӯшем?”
Дар ҳамин ҳол мутасаддиёни
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия бо такя ба таҳлилҳои
касбӣ ба мардум ҳушдор доданд, ки аз оби ҷӯйҳои атроф бо мақсади ошомидан
истифода набаранд. Зеро ифлосии онҳо манбаи асосии пайдоиши бемориҳои сироятӣ шуда
метавонад.
-Мо соле се маротиба ҷӯю
наҳрҳоро бо маҳлули махсус безарар мегардонем, шарҳ медиҳад Низомиддин Бобоев,
директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия.-Мушкил дар
ин аст, ки як маротибаи безараргардонӣ ҳамагӣ 4-5 рӯз таъсир мерасонаду халос.
6 тонна об
60 сомонӣ?!
Бино ба иттилои Тоҷиддин
Набиев, сармуҳандиси Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии
ноҳия, дар фасли бебориш, яъне тобистон ҳамарӯза аз 50 то 70 мошин об аз ҷӯю
наҳрҳо ба ниёзмандон кашонида мешавад.
-Он ҷӯйе, ки мардуми ноҳия истифода мебаранд, поёноби ноҳияҳои Ёвону
Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд. Он тобистон боз ҳам ифлостар мешавад. Аммо мардум
ноилоҷ аз он истифода мебаранд, гуфт Т. Набиев.
Бо 75000
сомонии буҷа чӣ метавон кард?
Ба иттилои масъулин, хатҳои оби нӯшокӣ ҳанӯз соли 1987 кашида шуда, ҳоло
бинобар истифодаи тӯлонӣ 80 фисадашон фарсудаю корношоям гардидаанд. Биноан,
таъмини сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ марҳила ба марҳила то андозае коҳиш ёфт.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба
гуфти Бадриддин Эмомализода, сардори Раёсати молияи ноҳия, барои харидорӣ
намудани муҳаррики обкашӣ танҳо соли 2015-ум аз буҷети маҳаллӣ 75 ҳазор сомонӣ
ҷудо гардидаасту халос. Пас бо кадом роҳ имкон дорад мушкили беобии мардуми
ноҳия ҳал гардад?
Раҳмутулло Сафарзода, раиси
ноҳияи Хуросон зимни нишасти матбуотии хеш дар таърихи 15-уми феврали имсол,
иддао кард, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия то кунун
“талоши зиёд ба харҷ додааст”.
Тоҷиддин Набиев, сармуҳандиси Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию
коммуналии ноҳия мегӯяд, ки Ҳукумати Тоҷикистон чор сол инҷониб бо ташкилоти
“JIKA”-и Ҷопон дар самти таъмини пурраи аҳолии ноҳия бо оби нӯшокӣ
гуфтушунидҳои судманд анҷом медиҳад. Дар сурати ҳосил шудани мувофиқа, дар
назар аст, ки ин орзӯи деринтизори сокинон бо харҷи ҳудуди 50 миллион евро
амалӣ гардад. Дар он сурат таъминоти аҳолӣ бо оби мавриди назар ба 85 дарсад
хоҳад расид.
Машраби Аловиддин
Сулаймон Султонов
Комментарии
Отправить комментарий