Даъвати баҳории ҷавонон ба Артиш
4-уми апрели соли 2019 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар дар сатҳи хеле баланд «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.
Нахуст аз назди Комиссариати ҳарбии вилоят то майдони варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даъватшавандагон қадамзании низомӣ доир намуданд.
Сипас, комиссари ҳарбии вилояти Хатлон, полковник Куганзода Ҳаким Самад Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2019, №1230 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намуданд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992 – 2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ»-ро қироат намуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода таъкид кард, ки таъминкунандаи асосии бехатарӣ, амнияти давлат ва сулҳу суботи кишвар артиш мебошад.
- Дар давраи мавҷудият Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол собит кард, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат дар таъмини сулҳу субот нақши муассир дорад», — гуфт ӯ.
Дар фарҷом ба даъватшудагон туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят тақдим шуд.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий