Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сохтмони аввалин бинои баландошёна дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Имрӯзҳо дар саросари мамлакат ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома доранд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ин муносибат бунёди 159 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай нуҳ адади онҳо мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳоло дар 40 иншоот корҳои сохтмонӣ, дар 92 иншоот корҳои ҳуҷҷатгузорию лоиҳакашӣ идома дорад.
Дар баробари ин, 200 иншооти дигар таъмиру азнавсозӣ мешаванд.
Бино ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия Сайдалӣ Маҳмуродов, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳоти «Маданият» соли ҷорӣ корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори 600 ҳазор тонна дар як сол ба истифода дода хоҳад шуд. Корхона бо харҷи 350 миллион сомонӣ бунёд гардида, 120 нафар сокини маҳаллиро ба ҷойи корӣ доимӣ таъмин месозад.
Номбурда, ҳамчунин зикр намуд, ки дар деҳоти «Ҳалевард» бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар майдони 25 гектар сохтмони як маҷмааи калони иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аллакай сохтмони варзишгоҳ бо харҷи 36 миллион сомонӣ барои 15 ҳазор ҷойи нишаст оғоз гардидааст. Иншооти боқимонда, аз қабили терминали мусофиркашонӣ, муассисаи таълимӣ, хонаҳои истиқоматии баландошёна, боғчаи кӯдакон, майдони Парчам ва меҳмонхона қарор аст, ки то Иди Наврӯзи байналмилалии соли 2020 сохта, ба истифода дода шаванд.
- Инчунин аз аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ дар шаҳраки «Балх» бунёди бинои 4 — ошёнаи китобхона, осорхона, матбаа, идораи рӯзномаи ноҳиявӣ бо харҷи 4 миллион сомонӣ бомаром идома дорад, ки соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамчунин, дар ноҳия сохтмони аввалин бинои 7 — ошёнаи хонаҳои истиқоматӣ оғоз гардидааст. Сохтмони бинои прокуратураи ноҳия низ бо масрафи зиёда аз 2 миллион сомонӣ шурӯъ шудааст, — иттилоъ дод С. Маҳмуродов.
Сардори Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Маҳмадшариф Ғоибназаров бошад, зикр кард, ки бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 1 миллиону 29 ҳазор сомонӣ 3, 4 километр роҳҳои маҳаллии ҳудуди ноҳия таъмири асосӣ ва 6 километр таъмирӣ ҷорӣ карда шуд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо сарфи 120 ҳазор сомонӣ 0,3 километр роҳ мумфарш, 22 километр таъмири ҷорӣ гардид.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?