Сообщения

Хатлон. Қанд зам мешаваду кам не (чандрасонаӣ)

Изображение
То ин дам дар қаламрави вилояти Хатлон зиёда аз 9 ҳазору 500 нафар аз бемории диабети қанд ранҷ мекашанд. Давоми се соли охир дар ҳудуди вилоят 199 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Он чи гуна беморист?     Мутахассисон мегӯянд, ки бемории диабети қанд яке аз бемориҳои эндокринологие мебошад, ки ҳангоми номунтазам кор кардани ғадуди зери меъда ба вуҷуд меояд. Дар ҳолати номунтазам кор кардани ғадуди зери меъда гармони инсулин ба хун кам хориҷ мешавад ё умуман хориҷ намешавад. Дар ин маврид меъёри қанди хун баланд шуда, боиси гирифтор шудан ба ин беморӣ мегардад. Диабети қанд ба тамоми рагҳои бадан осеб мерасонад. Масалан, вақте ба рагҳои гурда таъсири худро мерасонад, ин боиси норасогии фаъолияти гурдаҳо мегардад. Инчунин, бо вайрон кардани рагҳои хунгарди дил инсонро ба бемориҳои ишемикии дил, сактаи миокард (инфаркт) ё марги нобаҳангом оварда мерасонад. Иллатёбии рагҳои мағзи сар боиси ташаккули сактаи мағз мегардад. Вайроншавии рагҳои пой сабаби пайдоиши гангрена ё ...

Ҷайҳун. 20000 тонна пиёз интизори харидор аст

Изображение
Акс аз интернет Имсол кишоварзони но ҳияи  Ҷай ҳун дар 2596 гектар кишти пиёз гузарониданд ва бояд 90  ҳазор тонна пиёз  ҷамъовар ӣ намоянд. Сардори Раёсати кишоварзии но ҳияи  Ҷай ҳун Нурал ӣ Валиев гуфт, ки то ин ва қт аз 2010 гектар дар ма ҷм ӯъ беш аз 70  ҳазор тонна пиёзи хушсифат  ҷамъовар ӣ шуд, ки ба  ҳар як гектар 350 сентнер ӣ рост меояд. То ин замон ба хориҷа 3 ҳазор тонна пиёз содирот шуда, мувофиқи дурнамо ин нишондиҳанда бояд ба 19 ҳазор тонна расонида шавад. Нуралӣ Валиев изҳори нигаронӣ аз он кард, ки бо вуҷуди арзон будани нархи пиёз харидорон каманд. Мувофиқи иттилои ӯ, пиёз аз деҳқон бо нархи 35-40 дирам харидорӣ шуда истодааст. - Соли гузашта арзиши як килограмм пиёз 1 сомонию 60 дирамро ташкил медод. Аз набудани талабот дар саҳро зиёда аз 20 ҳазор тонна пиёз бе харидор мондааст, — изҳор намуд Нуралӣ Валиев. Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

Қаҳрамонон фаромӯш намегарданд

Изображение
Маърифхон Бойматов бо сабаби нарасидани синну сол дертар, ибтидои соли 1944, ба сафи армия даъват шуд. Баъди гузаштани машқи семоҳаи ҳарбӣ дар шаҳри Куйбишев (Самараи имрӯза) дар шаҳри Брнои Чехословакия ба ҷанг ворид шуд. Агарчӣ Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9 майи соли 1945 эълон шуда бошад ҳам, ҷавонписари шуҷои тоҷик Маърифхон Бойматов ва ҳамяроқони ӯ то 14 майи соли 1945 майдони ҷангро тарк накарданд. Дастаи ҳарбие, ки ӯ дар ҳайаташ хизмат мекард, баъди эълони Рӯзи Ғалаба супориш гирифт, ки бо саркашону таслимнашудагон ҷангро идома диҳанд. Муддати 6 рӯз дар Чехословакия бо ин гуна исёнгарон сахт дар набард шуда, онҳоро торумор намуданд. М Бойматов Ҳамин тариқ, ҷанги вазнину тӯлонӣ бо ғалабаи пурраи Давлати Шӯравӣ анҷом ёфт, вале хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонписари диловар Маърифхон Бойматов ҳанӯз ба поён нарасида буд. Маърифхон Бойматовро ба Шарқи Дур фиристоданд. Қисми ҳарбии онҳо дар шаҳри Благовешский ҷойгир буд. Ӯ ва ҳамяроқонаш аз 9 август т...

Навгонӣ. Маркази перинаталӣ фаъолияти табибонро тавсеа мебахшад

Изображение
Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Олмон дар беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов нахустин маркази перинаталӣ бунёд мегардад. Арзиши лоиҳаи он 10 миллион евроро ташкил дода, 7 миллион евро барои сохтмон ва 3 миллион барои харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ сарф хоҳад шуд. Сардухтури беморхона Алихон Нуралиев изҳор дошт, ки сохтмони марказ ноябри соли 2017 оғоз гардида, апрели соли 2020-ум бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Таҷҳизоти марказ аз Олмон ворид карда шуда, табибон дар Латвия ва Олмон такмили ихтисос хоҳанд кард. Дар назар аст, ки зимни ҷарроҳиҳо аз тариқи интернет, яъне онлайн маслиҳати духтурони таҷрибадори Ҳиндустон ва Олмон истифода шавад.Илова бар ин, дар назди беморхона маркази иваз намудани узвҳои даруна низ таъсис дода мешавад. Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

Вахш. Ояндаи наздик коркарди ниҳоии маҳсулоти пахта ба роҳ монда мешавад

Изображение
Су ҳбат бо раиси но ҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло - Чанд сол аст, ки масъулияти баланди сарварии яке аз но ҳия ҳои шу ҳратманди кишвар ба у ҳдаи Шумост. Ч ӣ таассуроту хотирот нисбат ба сарзамину мардуми шарафманди он доред? - Воқеан, дуруст қайд кардед, ки ин гӯшаи сарзамини бостонии мамлакат, инсонҳои шарафманду комёб дорад ва онҳо қодиранд бо ақлу заковати Худододӣ ва панҷаҳои гирову ҳунарофар ба фатҳи ҳама гуна қуллаи мурод ноил шаванд. Обёрии заминҳои синабирёни Вахш дар солҳои сиюми асри гузашта, сохтмони зарбдори умумииттифоқ эълон гардидани он имкон дод, ки аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва берун аз он ба ин макон одамони зиёд бо нияти неки бунёдкорию созандагӣ сарҷамъ биёянду онро ба яке аз гӯшаҳои зебои кишвар табдид диҳанд. Он солҳо Вахшонзамин на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ овозаю обрӯю шуҳрат пайдо кард. Ин ба ивази заҳмату ранҷи пайвастаи онҳое насиб гардид, ки водии зархезро макони корнамоӣ қарор доданд. Танҳо овардани як мисолро кофӣ...

Хатлон бештар пахта мекораду пиёз содирот мекунад

Изображение
Акс аз интернет      Барвақт омадани баҳор, иқлими гарму мусоид ва аз ҳама муҳимаш заҳмати ҳалолу шоистаи деҳқонони хатлонӣ имконият фароҳам меорад, ки сокинони ҷумҳурӣ аз моҳи апрел яъне дар шабу рӯзи қимматию камчинии маҳсулотҳои гуногуни кишоварзӣ натиҷаи меҳнати онҳо дастурхони хешро пурнозу неъматтар гардонда, маводҳои ғизоиро бо нархи арзонтар дастрас намоянд. Чунончӣ чандин сол боз анъана шудааст, ки кишоварзони хатлонӣ аз ҷумлаи аввалинҳо шуда бехпиёзи барвақтии хешро пешкаши мардум гардонанд. Акс аз интернет      Деҳқонон барои рӯёнидани ҳосили хуби маҳсулоти барвақтӣ дар коркарди он аз омилҳои мавҷудаи агротехникӣ истифода карда, айни ҳол подоши заҳмати кашидаи хешро ба даст оварда истодаанд.      Хоҷагидорон бо мусоид омадани  обу ҳаво аз шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, сари вақт ва бе талаф барои ҷамъоварии ҳосили дар саҳро буда талош намуда  истодаанд.   Имрӯз маҳсули...

Слайди футболи Ҷоми ҷаҳон 2018

Слайди Футболи Чоми чахон by Slidely Slideshow