Вахш. Ояндаи наздик коркарди ниҳоии маҳсулоти пахта ба роҳ монда мешавад
Суҳбат бо раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло
- Чанд сол аст, ки масъулияти баланди сарварии яке аз ноҳияҳои шуҳратманди кишвар ба уҳдаи Шумост. Чӣ таассуроту хотирот нисбат ба сарзамину мардуми шарафманди он доред?
- Воқеан, дуруст қайд кардед, ки ин гӯшаи сарзамини бостонии мамлакат, инсонҳои шарафманду комёб дорад ва онҳо қодиранд бо ақлу заковати Худододӣ ва панҷаҳои гирову ҳунарофар ба фатҳи ҳама гуна қуллаи мурод ноил шаванд. Обёрии заминҳои синабирёни Вахш дар солҳои сиюми асри гузашта, сохтмони зарбдори умумииттифоқ эълон гардидани он имкон дод, ки аз ҳар гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва берун аз он ба ин макон одамони зиёд бо нияти неки бунёдкорию созандагӣ сарҷамъ биёянду онро ба яке аз гӯшаҳои зебои кишвар табдид диҳанд. Он солҳо Вахшонзамин на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ овозаю обрӯю шуҳрат пайдо кард. Ин ба ивази заҳмату ранҷи пайвастаи онҳое насиб гардид, ки водии зархезро макони корнамоӣ қарор доданд. Танҳо овардани як мисолро кофӣ медонам, ки аз дурустии андешаҳои боло далолат мекунад. Солҳои вазнини Ҷанги дуюми ҷаҳон аз нафарони ба ҷанги зидди Германияи фашистӣ ба фронтрафта 3 тоҷикписар-Ҳайдар Қосимов, Саидқул Турдиев, Қудрат Қаюмов сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардиданд. Садҳо нафар соҳиби ордену медалу дигар ифтихорномаҳои ҷангӣ гаштанд. Ҳол он ки он солҳо (1941-1945) ноҳия аҳолии зиёд надошт. Дар корзори меҳнат даҳҳо нафар ба гирифтани унвони олии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мушарраф гардиданд. Шумораи дорандагони ордену медалу ифтихорномаю дигар унвонҳои давлатӣ низ хеле зиёданд.
Ба андешаи ман, ҳамон корнамоию диловарию қаҳрамонии ибратомӯзи падарони шуҳратманд имрӯз насли ҷавон — созандагони ояндаи Ватанро ба сӯи фатҳи қуллаҳои баланд ҳидоят месозад.
Ин имкон медиҳад, ки дар оянда фарзандони миллат дар рӯҳияи бунёдкорию созандагӣ ва дӯст доштани Ватан тарбия ёбанду ҳар кадом дар ободу зебо гардонидани диёр саҳми арзанда гузоранд.
- Кунун аз дастоварди заҳматкашони ноҳия дар соли сипаригардида маълумот медодед…
- Хурсандибахш аст, ки дар партави сиёсати оқилонаю дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама шакли хоҷагидорӣ пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Чунончӣ, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 8 фоиз афзоиш ёфт, ки нисбат ба соли қаблӣ зиёд мебошад. Натиҷаҳои назаррас асосан дар соҳаҳои кишоварзӣ (18 миллиону 400 ҳазор сомонӣ), сохтмон (14 миллиону 400 ҳазор сомонӣ) ва саноат (52 миллион сомонӣ) бештар ба назар мерасанд. Нақшаи қисми даромади Буҷети давлатӣ 38 миллиону 162 ҳазору 500 сомонӣ иҷро шуд, ки ин нисбат ба соли 2016 5 миллиону 600 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 145,6 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 52 миллион сомонӣ зиёд буда, 143,1 фоизро ташкил медиҳад.
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Вахш барои солҳои 2016-2020» 169 лоиҳаро ба маблағи 238 миллиону 455 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад. Аз шумораи умумии лоиҳаҳо 30 лоиҳа ба бахши иқтисодӣ, 63 лоиҳа ба бахши иҷтимоӣ, 55 лоиҳа ба бахши инфрасохтор, 16 лоиҳа ба бахши ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва 5 лоиҳа ҷиҳати таъминоти захиравӣ равона гардидааст.
Сарчашмаи маблағгузории барнома аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ 48,310 миллион сомонӣ (20,3 фоиз), вилоятӣ — 1 (0,04), маҳаллӣ — 16,447 (6,9), сармоягузории хориҷӣ — 70,897 (29,8), маблағҳои хусусӣ, аз ҷумла аз соҳибкорон — 13,060 (5,4), ташкилоту корхонаҳо — 19,132 (8,0) ва маблағҳои дигар 69,609 миллион сомонӣ (29,2 фоиз)-ро дар бар мегирад. Аз давраи амалишавӣ, яъне солҳои 2016 — 2017 аз ҳисоби лоиҳаҳо 11586,1 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби чораҳои иловагӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳо 33798,3 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардиданд, ки ҳаҷми умумии лоиҳаҳои татбиқгардида 46836,77 ҳазор сомонӣ ё 19,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар соҳаи маориф сохтмони 55 синфхонаи иловагӣ назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 5, 6, 19, 21, 22, 35, 51, 57, 58, 61, 70 ва 72 аз тарафи соҳибкорон ва буҷети маҳаллӣ 28 млн. 285 ҳазор сомонӣ, дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ китобхона ба маблағи 158664 сомонӣ назди МТМУ №3 сохта, ба истифода дода шуданд. Инчунин, дар МТМУ №22, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки Киров бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон шаш синфхона ба маблағи 1 млн. 360 ҳазор сомонӣ сохта шуда, барои синфхонаҳои технология (таълими меҳнат) ба маблағи 1 млн. 100 ҳазор сомонӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ, дастгоҳҳои ҳароратӣ ва тафдон харидорӣ шуд. Ҳамчунин, дар МТМУ №21, воқеъ дар деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» дастгирии Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохтмони 10 синфхона барои 500 хонанда дар ду баст ба маблағи 1 млн. 800 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ сохтмони 10 синфхона барои 500 хонанда дар ду баст ба маблағи 1 млн. 400 ҳазор сомонӣ идома дорад.
Аз давраи амалишавии барнома аз тарафи соҳибкорон М. Сафарова дар шаҳраки Вахш, кӯчаи И. Сомонӣ сохтмони маркази савдо ва хонаи истиқоматӣ ба маблағи 318 ҳазору 741 сомонӣ, дар кӯчаи Б. Ғафурови ноҳия бо ташаббуси соҳибкор С. Нуров сохтмони маркази савдо ва хизматрасонии тиббии сеошёна ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандони алоҳида сохтмони дорухона, утоқи дандонпизишкӣ ва ташхиси тиббӣ дар маркази шаҳраки Вахш ба маблағи 360 ҳазору 456 сомонӣ, аз тарафи соҳибкор Р. Ғуломов сохтмони мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум ба маблағи 44 ҳазору 700 сомонӣ дар деҳоти ба номи Рӯдакӣ, инчунин аз тарафи соҳибкор А. Саидов дар ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ бо номи Кооперативи тиҷоратии «Нуфузи Вахш» ба маблағи 1500 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд.
Барои ташкили ҷойҳои корӣ баҳри занону бонувони маҳаллӣ 2 коргоҳи дӯзандагӣ, яке дар заминаи иншооти хусусии ҶДММ «Раҳмониён» бо 50 ҷойи корӣ ва дигаре дар коргоҳи дӯзандагии «Нигина» бо 10 ҷойи корӣ дар маркази ноҳия ба маблағи 450 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Барои расидан ба мақсад ва ҳадафҳои ниҳоии барнома аз ҷониби соҳибкор С. Нуров сохтмони маҷмааи савдо ва хизматрасонии маишии панҷошёна, инчунин аз тарафи соҳибкорон Б. Назаров, И. Ширинова ва М. Юсуфов сохтмони иншооти маркази хизматрасонӣ ва мағозаи тиҷоратӣ, инчунин марказҳои савдою манзилҳои истиқоматӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмони иншооти онҳо идома доранд.
Дар соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби шахсони саховатпеша, соҳибкорон ва аҳолӣ 3 бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуда, сохтмони 7 бунгоҳи саломатии дигар идома дорад.
Ҳамчунин, дар доираи татбиқи барнома дар маркази ноҳия аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ Зоир Давлатов ва Инобат Раҷабова маркази истеҳсолию таълимии атласу адрасбофӣ ба маблағи 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ ва маркази омӯзиши маҳсулоти қаннодӣ ба маблағи 174 ҳазор сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд, ки дар онҳо 69 зану духтари хонашин ба омӯзиш фаро гирифта шуда, барои 14 зан ҷойи кори доимӣ муҳайё шудааст.
- Дар бораи фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи ноҳия чӣ гуфта метавонед?
- Дар натиҷаи интихоботи алтернативие, ки 1-уми марти соли 2015 барпо гардид, аз байни 120 номзад 40 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия интихоб гардиданд. Ҳанӯз дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқ (даъвати панҷум) 15-уми марти соли 2015 баробари тасдиқи ваколати 40 нафар вакили интихобгардида, бо мақсади пурсамар ба роҳ мондани кор ҳайати 6 комиссияи доимии Маҷлиси вакилон интихобу тасдиқ гардиданд. Аз ҷумла, комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия «Оид ба банақшагирӣ, буҷет, молия, ҳисоб ва истифодаи моликияти ноҳия», «Оид ба кишоварзӣ, истифодаи замин, захираҳои табиӣ ва экология», «Оид ба тараққиёти саноати маҳаллӣ, сохтмон, нақлиёт, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонии маишӣ», «Оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг, таъминоти иҷтимоӣ ва кор байни ҷавонону занон», «Оид ба таъмини қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон» ва «Оид ба одоби вакилон». Дар ҳайати комиссияҳо нафароне кору фаъолият мекунанд, ки оид ба мавзӯъҳои баррасишаванда маълумоти зарурӣ доранд. Натиҷа ҳамин аст, ки масъалаҳо муваффақона баррасӣ мегарданд ва натиҷаи кор низ қонеъкунанда аст. Агар мушкиле ба вуҷуд ояд, аъзои комиссия, вакилон ва шахсони даъватшуда роҳҳои ҳаллу фаслро пешниҳод менамоянд. Барои ислоҳ аз ҷониби вакилон муҳлат муқаррар мешавад. Натиҷаи мусбати ин тарзи фаъолиятро дар пешравию дигаргунию тараққиёти рӯзафзуне, ки дар соҳаҳои мухталиф рӯй медиҳанд, эҳсос мекунем.
Тавре болотар қайд намудам, чун аъзою раисони комиссияҳои дахлдор мутахассису донандаи соҳаи хешанд, баррасии масъалаҳо натиҷаи мусбат медиҳанд. Барои исбот як мисол меорам. Раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия «Оид ба тараққиёт, мақомоти маҳаллӣ, сохтмон, нақлиёт, алоқа, хоҷагии коммуналӣ ва хизматрасонии маишӣ» Мурод Файзов донандаи хуби соҳа аст ва ҳалол меҳнат мекунад. Натиҷа ин аст, ки саноату сохтмон ва дигар соҳаҳои марбут ба он рӯ ба тараққӣ оварданд. Бунёд шудани чанд корхонаи хурду бузурги ҳозиразамони саноатӣ, аз ҷумла, корхонаҳои коркарди маҳсулоти асосӣ-пахта имкон дод, ки дар маҷмӯъ, саноат рушд кунад. Дар назар аст, ки ояндаи наздик дар ноҳия коркарди ниҳоии маҳсулоти пахтагӣ ба роҳ монда шавад. Ин дар маҷмӯъ, барои аз ҷумҳурии аграрию саноатӣ ба мамлакати индустриалию саноатӣ табдил ёфтани мамлакат мусоидат хоҳад кард. Рушди рӯзафзуни саноат дар ниҳояти кор барои аз кумаки молиявӣ (субвенсия) дар оянда даст кашидани ноҳия имкон фароҳам хоҳад овард.
Ба фаъолияти комиссияҳои доимӣ диққату ғамхории пайваста зоҳир карда мешавад. Дар ҳар як иҷлосия ҳисоботи кори ин ё он комиссияи доимӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад, ки ин ҳам натиҷаи мусбат дода истодааст. Чунончӣ, соли 2017 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 941 миллиону 435 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2016-ум 75 миллиону 140 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
Инчунин, ҷой доштани рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, майл доштан ба созандагӣ ва ҳисси дӯстдории ватан миёни ҳама қишри ҷомеа боис шуд, ки соли гузашта бо роҳандозии тадбирҳои болозикр боз 1 ҳазору 791 ҷойи кори нав фароҳам ояд, ки дар қиёс ба соли пешин 72 адад зиёд буда, 109 дарсади нақшаро таъмин менамояд. Онҳо, асосан аз ҳисоби таҷдиди хоҷагиҳои калон ба хоҷагиҳои хурд, ба истифода супурдани корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сокинон ба корҳои сохтмоние, ки роҳандозӣ шуда истодаанд, ба миён омаданд.
Дар оянда низ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, ки аз донишу таҷриба ва малакаи вакилони халқ, аъзои комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, бо мақсади пешравию тараққияти бахшҳо самаранок истифода барем.
Самариддин АСОЗОДА,
Сулаймон СУЛТОН,
«Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий