Навгонӣ. Маркази перинаталӣ фаъолияти табибонро тавсеа мебахшад












Бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Олмон дар беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бурӣ Воҳидов нахустин маркази перинаталӣ бунёд мегардад.
Арзиши лоиҳаи он 10 миллион евроро ташкил дода, 7 миллион евро барои сохтмон ва 3 миллион барои харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ сарф хоҳад шуд.
Сардухтури беморхона Алихон Нуралиев изҳор дошт, ки сохтмони марказ ноябри соли 2017 оғоз гардида, апрели соли 2020-ум бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Таҷҳизоти марказ аз Олмон ворид карда шуда, табибон дар Латвия ва Олмон такмили ихтисос хоҳанд кард.
Дар назар аст, ки зимни ҷарроҳиҳо аз тариқи интернет, яъне онлайн маслиҳати духтурони таҷрибадори Ҳиндустон ва Олмон истифода шавад.Илова бар ин, дар назди беморхона маркази иваз намудани узвҳои даруна низ таъсис дода мешавад.
Сулаймон Султонов,
«Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?