Хатлон бештар пахта мекораду пиёз содирот мекунад



Акс аз интернет  

 
Барвақт омадани баҳор, иқлими гарму мусоид ва аз ҳама муҳимаш заҳмати ҳалолу шоистаи деҳқонони хатлонӣ имконият фароҳам меорад, ки сокинони ҷумҳурӣ аз моҳи апрел яъне дар шабу рӯзи қимматию камчинии маҳсулотҳои гуногуни кишоварзӣ натиҷаи меҳнати онҳо дастурхони хешро пурнозу неъматтар гардонда, маводҳои ғизоиро бо нархи арзонтар дастрас намоянд. Чунончӣ чандин сол боз анъана шудааст, ки кишоварзони хатлонӣ аз ҷумлаи аввалинҳо шуда бехпиёзи барвақтии хешро пешкаши мардум гардонанд.


Акс аз интернет
  
 Деҳқонон барои рӯёнидани ҳосили хуби маҳсулоти барвақтӣ дар коркарди он аз омилҳои мавҷудаи агротехникӣ истифода карда, айни ҳол подоши заҳмати кашидаи хешро ба даст оварда истодаанд. 

   


Хоҷагидорон бо мусоид омадани 
обу ҳаво аз шароиту имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, сари вақт ва бе талаф барои ҷамъоварии ҳосили дар саҳро буда талош намуда истодаанд. 



Имрӯз маҳсули дастранҷи кишоварзони хатлониро дар дурдастарин минтақаҳои ҷумҳурӣ Бадахшону Суғд, водии Рашту маркази ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои атрофи он низ дар дастархони мардуми тоҷик дидан мумкин аст. Содироти маҳсулоти баландсифату серхаридори бошандагони Хатлон ба хориҷи кишвар ва писанди харидорон гардидани он низ гувоҳи меҳнати ҳалолу самарабахши бошандагони ин мулки аҷдодист.


-Аз вилоят 91,5 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шуда, 155 фоизи дурнаморо ташкил дода, нисбати соли гузашта 356,2 тонна зиёд мебошад.


Ин нуқтаро 24-уми январи соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни нишасти хабариаш изҳор намуд. Ў аз ҷумла афзуд, ки ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилии вилояти Хатлон ба 16,1 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши он 107 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи маҷмўи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ташаккули нишондиҳандаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2017 назаррас буда, 52 фоизи ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ, аз ҷумла 62 фоизи истеҳсоли ғалладонагиҳо, 55 фоизи сабзавот, 67 фоизи пахта, 76 фоизи полезӣ, 43 фоизи мева, 44 фоизи ангур, 55 фоизи гушт, 49 фоизи шир, 22 фоизи тухм, 24 фоизи асал, 46 фоизи пилла, 42 фоизи саршумори чорвои калон, 41 фоизи чорвои майда ва 33 фоизи ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, 36 фоизи ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ, 25 фоизи гардиши моли чакана, 16 фоизи ҳаҷми хизматрасонии пулакии ҷумҳурӣ ба вилояти Хатлон рост меояд.




Дар 29 сардхонаи ҳудуди вилоят 1 ҳазору 500 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ захира шудааст, ки дар ҳолатњои зарурӣ талаботи аҳолиро бо маҳсулоти хушсифат қонеъ меномояд.






Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?