Хатлон. Қанд зам мешаваду кам не (чандрасонаӣ)



То ин дам дар қаламрави вилояти Хатлон зиёда аз 9 ҳазору 500 нафар аз бемории диабети қанд ранҷ мекашанд. Давоми се соли охир дар ҳудуди вилоят 199 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Он чи гуна беморист?
    Мутахассисон мегӯянд, ки бемории диабети қанд яке аз бемориҳои эндокринологие мебошад, ки ҳангоми номунтазам кор кардани ғадуди зери меъда ба вуҷуд меояд. Дар ҳолати номунтазам кор кардани ғадуди зери меъда гармони инсулин ба хун кам хориҷ мешавад ё умуман хориҷ намешавад. Дар ин маврид меъёри қанди хун баланд шуда, боиси гирифтор шудан ба ин беморӣ мегардад. Диабети қанд ба тамоми рагҳои бадан осеб мерасонад. Масалан, вақте ба рагҳои гурда таъсири худро мерасонад, ин боиси норасогии фаъолияти гурдаҳо мегардад. Инчунин, бо вайрон кардани рагҳои хунгарди дил инсонро ба бемориҳои ишемикии дил, сактаи миокард (инфаркт) ё марги нобаҳангом оварда мерасонад. Иллатёбии рагҳои мағзи сар боиси ташаккули сактаи мағз мегардад. Вайроншавии рагҳои пой сабаби пайдоиши гангрена ё тахрифи худи пой шуда метавонад. Диабет, инчунин, боиси вайрон шудани рагҳои асаби масона, рӯда, меъда ва пайдоиши мушкилоти пешоб, ҷинсӣ ва ҳазмкунӣ мегардад. Илова бар ин, диабети қанд боиси вайрон гардидани рагҳои қаъри чашм, хунрезии чашм ва ё осеби биноиш шуда метавонад. 
   То ин замон ду навъи бемории диабети қанд ба қайд гирифта шудааст. Диабети қанди навъи 1-ум. Беморие, ки ғадуди зери меъда аз худ инсулин ҷудо намекунад ва нафароне, ки ба ин навъи бемории диабети қанд гирифторанд, бо доруи инсулин табобат карда мешаванд. Диабети қанди навъи 2-юм. Ғадуди зери меъда аз худ кам инсулин ҷудо мекунад ва беморро водор месозад, ки барои кам шудани миқдори қанди хун пас аз гирифтани тавсияи табибон дору истеъмол намояд.
Чаро қанд мешавем?



   То ин дам аз тарафи олимони дунё се омили асосии гирифторшавӣ ба ин беморӣ муайян карда шудааст. Сабаби аввал ирсӣ будани ин беморӣ гуфта мешавад. Омили дигар ба эҳсосоти равонӣ рабт дорад. Масалан, пас аз рух додани ягон фоҷиа. Ё зиёд тарсидан. Сабаби сеюм бемориҳои дохили шикам дониста мешавад. Яъне дар он ҳолате, ки ғадуди зери меъда пурра осеб мебинад. Ин беморӣ ҳам идорашаванда аст «Шумораи гирифторони ин беморӣ ҳамасола дар вилояти Хатлон то 500 нафар меафзояд. Бемории диабети қанд гарчанде табобатнашаванда аст, аммо идоракунанда аст. Роҳи асосии табобат ин риояи парҳез ва бурдани тарзи дурусти ҳаёти солим мебошад. Бурдани тарзи ҳаёти солим гуфта, даст кашидан аз нўшокиҳои спиртӣ, сигоркашӣ, ба танзим даровардани машқҳои пагоҳирўзӣ, бештар пиёда роҳ гаштан ва ғайраро дар назар дорем»,-иброз дошт Зокирҷон Холов, директори Маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи вилояти Хатлон.


 
      Беморон мубориза мебаранд
Холиқул Алисаидов, сокини ноҳияи Ёвон, 15 сол аст, ки аз ин беморӣ ранҷ мекашад. «Дар вақташ ба ин беморӣ аҳамият намедодам. Акнун ранҷи зиёд мекашам. Муддати ҳар шаш моҳ омада, дар беморхона табобат мегирам», - гуфт ӯ.     
Ҳамсуҳбати дигари мо Ҷононбӣ Мергенова, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, афзуд, ки 5 сол боз доруи инсулин истифода мебарад. «Ба гирифторони бемории диабети қанд тавсия медиҳам, ки аз ин дору нотарсида истифода баранд. Бисёр хуб ёрӣ мерасонад. Давоми 2 сол бо дигар намуди доруҳо табобат мекардам, ки он қадар натиҷаи хуб надоштанд. Аз рўзе, ки бо инсулин табобат мекунам, Худоро шукр, саломатиам хеле хуб аст», - изҳор кард вай.

 
 Чи истеъмол кунему чи не? 
  Алишер Бурташев, мудири шуъбаи бистарисозии эндокринологии вилояти Хатлон, барои нафароне, ки бо истеъмоли ғизои солим қандро ба эътидол овардан мехоҳанд ва ё аз гирифтор шудан ба он худро ҳимоя кардан мехоҳанд, як дастури содаеро пешниҳод мекунад, ки мо онро дар инфографикаи зерин овардаем. 




     Пешниҳод ба беморон  Чи тадбирҳо андешида шудааст?
    Зокирҷон Холов иброз кард, ки дар кишвари мо «Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2017» роҳандозӣ гардида буд. Дар доираи ин барнома аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорувории ҳаётан муҳими инсулин пурра дастрас мешуд. Инчунин, ба қадри имкон аз ҳисоби маблағҳои буҷетии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба бемороне, ки бистарӣ мешаванд, қисман ягон намуди доруворӣ ройгон таъмин карда мешуд. Ҳамчунин, дар доираи иҷроиши ин барнома барои муассисаҳои тандурустии вилоят мутахассисони хуби соҳа омода карда шуда, таҳлилгоҳҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин гардиданд. Аммо бо вуҷуди ин, мушкили умдатарини Маркази бемориҳои ғадудҳои дарунаи вилояти Хатлон ҳанӯз ҳам ҳалношуда боқӣ мондааст. Яъне биное, ки беморхона дар он қарор дорад, ба стандартҳои ҳозира ҷавобгў нест. Ин масъала борҳо бо масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар миён гузошта шудааст...
 

          Омор чӣ мегӯяд

 Табиби худ бошем 
   Бемории қанд метавонад бисёр оризаҳои дигарро дар пай дошта бошад, аммо агар мо ҳам ғизои дуруст истеъмол кунем ва ҳам аз хидмати мутахассисони соҳаи тиб дуруст истифода барем, метавонем ҳам шадид шудани бемориро пешгирӣ кунем ва ҳам дар идора кардани он маҳорат нишон диҳем. Яъне табиби ҳар инсон, пеш аз ҳама, худи ӯст. Пас, биёд, муҳофизи саломатии худ бошем. 

Муаллифон: 
Сулаймон Султонов
Машраби Аловиддин

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?