Ин “ҷиҳод” не, бозиҳои геополитикист!
Тибқи маълумоти солҳои қаблии мақомоти Тоҷикистон, таҳлили парвандаҳои ҷиноятӣ нишон додааст, ки беш аз 75 фоизи дастгиршудагон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб гардидаанд ва синну соли беш аз 52 фоизи онҳоро ҷавонони аз 18 то 30 — сола ташкил медиҳад. Гуфта мешавад аксари ин ҷавонон ба доми мубаллиғони интернетӣ афтода буданд. Коршиносон омили асосии ин равандро дар камсаводии диниву истифодаи нодуруст аз шабакаҳои интернетӣ арзёбӣ мекунанд. Ифротгароӣ, ё ба истиллоҳи дигар - экстремизм дар шароити феълии ҷаҳонишавӣ дар ҳар гӯшаву канори дунё, махсусан кишварҳои мусулмонӣ нооромию бесуботиро ба дунбол дорад. Қурбоналӣ Раҷабзода яке аз ҷавононе мебошад, ки ба доми фиребу найранги чунин гуруҳҳои ифротӣ афтода буд. Ӯ барои пешбурди зиндагии худ ва наздиконаш ба Федератсияи Россия сафар карда, дар онҷо ба тиҷорат машғул мешавад. Аммо баъди чанде бо даъвати як ҳамсинфаш ба Туркия сафар мекунад. Баъди ч...
Комментарии
Отправить комментарий