Сообщения

Хатлон. Чаро нақшаҳои андоз иҷро намешаванд? (чандрасонаӣ)

Изображение
  Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи ҷамъоварии андоз дар вилояти Хатлон андаке беш аз 100 фисад иҷро шуд. Аммо ин дар ҳолест, ки масъулини Раёсати андоз нақшаи се намуди андозро пурра иҷро карда натавонистанд.   Чӣ боис шуд? Саидзода Сангин, сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Раёсати андоз дар вилояти иттилоъ дод ки, дар нуҳ моҳи соли равон ба буҷет 7,1 миллион сомонӣ барзиёд ворид карданд. Аммо давоми сол андози иҷтимоӣ аз ҳисоби кормандони ғайрибуҷетӣ ба андозаи 96 фоиз, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард 68 дарсад ва андоз аз воситаҳои нақлиёт 83 дарсад таъмин шудааст, гуфт ӯ ва илова кард, ки аз ин ҳисоб ба буҷети вилояти Хатлон бештар аз 30 миллион сомонӣ ворид нагардидааст. “Сабаби таъмин нашудани иҷроиши нақшаи андози иҷтимоӣ ин фаъолият накардани корхонаҳо ва коҳиш ёфтани даромад аз музди меҳнат мебошад. Омили иҷро нашудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бошад, ин кам шудани хароҷоти корхонаҳо ба ҳисоб меравад. Саб...

«ФАРМ – ТЕКС» зиёда аз 1 миллиону 350 ҳазор ниқоб истеҳсол кард

Изображение
Ҷамъияти дорои масъулияташ ма ҳдуди «Фарм — Текс» — и но ҳияи Дан ғара, аз мо ҳи феврали соли  ҷор ӣ то кунун зиёда аз 1 миллиону 350  ҳазор ни қоби тибб ӣ ва 420  ҳазор бастаи пахтагини спиртдор исте ҳсол кард. Бино ба иттилои роҳбари он Файзиддин Сайфуллоев, корхона дар як шабонарӯз имкон дорад то 15 ҳазор ниқоб ва 1000 бастаи пахтагини спиртдор истеҳсол намояд. Ниқобҳои тиббии истеҳсоли корхона сифати баланд дошта, истифодабарандагон метавонанд онро шуста боз истифода баранд. Айни замон дар ҶДММ «Фарм – Текс» 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ фаъолият дошта, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Хатлон. 3900 иншоот ба истифода дода шуд

Изображение
Дар  ҷараёни омодаг ӣ ба  ҷашни 30 – солагии Исти қлолияти давлатии  Ҷум ҳурии То ҷикистон дар вилояти Хатлон 3 901 иншооти таъиноти гуногун мавриди ба ҳрабардор ӣ  қарор гирифт. Мабла ғи умумии иншооти сохташуда 914,8 миллион сомониро дар бар гирифта, 82 фоизи он аз  ҳисоби со ҳибкорони ма ҳалл ӣ бунёд гардидааст. Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, аз ҳисоби иншооти сохташуда, 4 742 ҷойи кори доимӣ ва 11 161 ҷойи кори мавсимӣ ташкил гардидааст. Аз ҷамъи умумии иншооти бунёдёфта 237 адад ба соҳаи маориф, 468 — тандурустӣ, 105 — фарҳанг, 260 адад ба варзиш рост меояд. Инчунин, 218 корхона ва коргоҳи саноатӣ, 10 иншооти кишоварзӣ, 55 иншооти сайёҳӣ ва ғайра бунёд гардид. Соли ҷорӣ бунёду азнавсозии 2 104 иншоот ба нақша гирифта, аллакай дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 366 – тои он сохта шуд. Дар умум, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар вилояти Хатлон бунёду азнавсозии 7 544 и...

Ёвон. Роҳҳо таъмир мешаванд

- Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва соҳибкорони маҳаллӣ Акбар Ғуломов, Баҳриддин Ҷурахонов 10,2 километр роҳҳои маҳаллии маркази ноҳия бо харҷи зиёда аз 15 миллион сомонӣ таъмири асосӣ мешаванд, — хабар дод сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ёвон Раҷабалӣ Муродов. — Соли ҷорӣ аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ таъмири асосии 3,2 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ ва таъмири ду пул бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Зикр бояд кард, ки соли гузашта бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, бо дастгирии соҳибкорон ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ зиёда аз 6,5 километр роҳ таъмири асосӣ, 51,1 километр таъмири ҷорӣ ва 61,9 километр сангфарш гардид. - Соли гузашта бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 10 пул низ таъмиру азнавсозӣ шуд, — гуфт Р. Муродов. Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Хатлон. Риояи қонун таъмин мегардад

Соли 2019 ва ду мо ҳи соли  ҷор ӣ дар вилояти Хатлон 61,8  ҳазор маърака ба  қайд гирифта шудааст, ки дар он ҳо 180  ҳолати вайронкунии  Қонуни  Ҷум ҳурии То ҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва  ҷашну маросим дар  Ҷум ҳурии То ҷикис­тон» ошкор гардидааст. - Бештари қонуншиканиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон, Шаҳритуз, Восеъ, Данғара ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудаанд, — изҳор дошт мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Муҳаммадӣ Шарифзода. Ӯ гуфт, ки тибқи талаботи қонун, ба хотири пешгирӣ аз қонуншиканӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 26 комиссия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 155 комиссияи доимӣ ва дар деҳот, дар маҷмӯъ, беш аз 1 ҳазору 800 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд. Ин комиссияҳо дар вилоят 1 ҳазору 340 семинару вохӯрӣ гузаронидаанд, ки ҳадаф аз онҳо коҳиш додани сатҳи камбиз...

Дар Донишкадаи энергетикӣ аз офтоб неруи барқ ҳосил мекунанд

Изображение
Аз соли 2016 бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва маблағгузории Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш» ба роҳ монда шуд. Муҳлати татбиқи он панҷ солро дар бар гирифта, дар қисми зиёди шаҳру ноҳияҳои кишвар литсейҳои касбӣ – техникӣ ва донишкадаҳо қисман таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин шуданд. Таъмири ду бинои таълимӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва насби таҷҳизоти замонавии озмоишӣ дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, аз иқдомоти ба ин  лоиҳа рабтдошта маҳсуб мешавад. Роҳбари Маркази татбиқи лоиҳаҳои донишкада Бахтиёр Абдуллоев иброз намуд, ки илова ба корҳои зикршуда дар доираи лоиҳа истгоҳи барқии офтобӣ сохта шуд, ки аз 48 панели офтобӣ иборат буда, иқтидори умумии он 10 киловатт/соат аст ва қодир аст дар ҳолати зарурӣ як қисмати донишкадаро бо барқ таъмин кунад. Лоиҳа ба ҷуз аз сохтмону воридсозии таҷҳизот, ҳамчунин баргузор к...

Хатлон. Вакилон савганд ёд карданд

Изображение
Ёзда ҳуми марти соли  ҷор ӣ И ҷлосияи якуми Ма ҷлиси вакилони хал қи вилояти Хатлон даъвати шашум баргузор гардид. Дар он доир ба масъалаи якум — «Дар бораи ҳисоботи Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон» раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода баромад намуд. Ӯ қайд кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар вилоят 14 ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявӣ, 69 ҳавзаи вилоятӣ ва 944 ҳавзаи шаҳрию ноҳиявӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шуд. Дар 69 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 253 номзад ба вакилӣ (бо пешниҳоди конференсияҳои ҳизбӣ 95 нафар ва аз тариқи худп...