Хатлон. Риояи қонун таъмин мегардад
Соли 2019 ва ду моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 61,8 ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 180 ҳолати вайронкунии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ошкор гардидааст.
- Бештари қонуншиканиҳо дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон, Шаҳритуз, Восеъ, Данғара ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шудаанд, — изҳор дошт мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Муҳаммадӣ Шарифзода.
Ӯ гуфт, ки тибқи талаботи қонун, ба хотири пешгирӣ аз қонуншиканӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят 26 комиссия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 155 комиссияи доимӣ ва дар деҳот, дар маҷмӯъ, беш аз 1 ҳазору 800 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият менамоянд. Ин комиссияҳо дар вилоят 1 ҳазору 340 семинару вохӯрӣ гузаронидаанд, ки ҳадаф аз онҳо коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ маънидод мегардад.
- Ҳамчунин, — гуфт ӯ, — мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар сохторҳои дахлдор ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе санҷишҳои муштарак мегузаронанд. Аз ҷониби шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятии вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ пайваста аз санҷиш гузаронида мешавад ва ба хотири ислоҳи камбудиҳо натиҷаи санҷишҳо ба масъулони шаҳру ноҳияҳо ирсол мегардад.
Тавре Муҳаммадӣ Шарифзода ёдовар шуд, дар арафаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», моҳи майи соли 2007, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки «То расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаи мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».
Дар ҳақиқат, ҳарчанд, мақсади асосии қабули қонун мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар аст, ҳанӯз ҳам ҳангоми баргузории маъракаҳо ҳолатҳои вайронкунии он ба чашм мерасад.
- Аз ин хотир, ҷиҳати бартараф намудани ин ҳолатҳо дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят пайваста тадбирҳо андешида мешаванд, — афзуд М. Шарифзода.
С. СУЛАЙМОН,
«Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий