Хатлон. 3900 иншоот ба истифода дода шуд

Дар ҷараёни омодагӣ ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 3 901 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Маблағи умумии иншооти сохташуда 914,8 миллион сомониро дар бар гирифта, 82 фоизи он аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, аз ҳисоби иншооти сохташуда, 4 742 ҷойи кори доимӣ ва 11 161 ҷойи кори мавсимӣ ташкил гардидааст.
Аз ҷамъи умумии иншооти бунёдёфта 237 адад ба соҳаи маориф, 468 — тандурустӣ, 105 — фарҳанг, 260 адад ба варзиш рост меояд. Инчунин, 218 корхона ва коргоҳи саноатӣ, 10 иншооти кишоварзӣ, 55 иншооти сайёҳӣ ва ғайра бунёд гардид.
Соли ҷорӣ бунёду азнавсозии 2 104 иншоот ба нақша гирифта, аллакай дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 366 – тои он сохта шуд.
Дар умум, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар вилояти Хатлон бунёду азнавсозии 7 544 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?