Хатлон. Вакилон савганд ёд карданд

Ёздаҳуми марти соли ҷорӣ Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар он доир ба масъалаи якум — «Дар бораи ҳисоботи Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон» раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода баромад намуд.
Ӯ қайд кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар вилоят 14 ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявӣ, 69 ҳавзаи вилоятӣ ва 944 ҳавзаи шаҳрию ноҳиявӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шуд. Дар 69 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 253 номзад ба вакилӣ (бо пешниҳоди конференсияҳои ҳизбӣ 95 нафар ва аз тариқи худпешбарӣ 158 нафар) пешбарӣ ва ба қайд гирифта шуд, ки 72 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии пешбаришудаҳо 4 нафар номзадиашонро дар асоси ариза бозпас гирифтанд.
Аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 68 нафар, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон-9, Ҳизби аграрии Тоҷикистон-9, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон-9 ва ба тариқи худбешбарӣ 158 нафар номзад пешбарӣ гардиданд. Аз ҷониби Ҳизби сотсиал — демократи Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон номзадҳо пешбарӣ нашуданд.
- Аз шумораи умумии интихобкунандагон, ки 1 миллиону 698 ҳазору 430 нафарро ташкил медод, рӯзи интихобот 1 миллиону 469 ҳазору 441 нафар ширкат варзид, ки 86,5 фоизро ташкил медиҳад. Баъд аз ҷамъбасти овозҳо маълум гардид, ки 97,088 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории номзадҳои хеш, 0,099 фоиз муқобили ҳамаи номзадҳо овоз додаанд. Ҳамчунин, 1,012 фоизи бюллетенҳо бе эътибор дониста шуданд. Аз шумораи умумии номзадҳои пешбаригардида, 69 нафар бо гирифтани аз 54,1 то 86,8 фоизи овозҳо вакил интихоб шуданд. Аз шумораи 69 нафар интихобшудагон 24 нафар ё ин ки 34,8 фоизро занон ташкил медиҳанд, — зикр кард Қурбоналӣ Қурбонзода.
Сипас, вакилони навтаъин дар наз­ди ҳозирин савганд ёд карда, иброз доштанд, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро риоя намуда, манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд.
Ҳамчунин, он рӯз вакилон аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ номзадии вакил Қурбон Ҳакимзодаро аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, №8 ба узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ ва зимни овоздиҳӣ ҷонибдорӣ карданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?