Ёвон. Роҳҳо таъмир мешаванд

- Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва соҳибкорони маҳаллӣ Акбар Ғуломов, Баҳриддин Ҷурахонов 10,2 километр роҳҳои маҳаллии маркази ноҳия бо харҷи зиёда аз 15 миллион сомонӣ таъмири асосӣ мешаванд, — хабар дод сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ёвон Раҷабалӣ Муродов. — Соли ҷорӣ аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ таъмири асосии 3,2 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ ва таъмири ду пул бо маблағи 40 ҳазор сомонӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Зикр бояд кард, ки соли гузашта бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, бо дастгирии соҳибкорон ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ зиёда аз 6,5 километр роҳ таъмири асосӣ, 51,1 километр таъмири ҷорӣ ва 61,9 километр сангфарш гардид.
- Соли гузашта бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 10 пул низ таъмиру азнавсозӣ шуд, — гуфт Р. Муродов.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?