Сообщения

Дар Донишкадаи энергетикӣ аз офтоб неруи барқ ҳосил мекунанд

Изображение
Аз соли 2016 бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва маблағгузории Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш» ба роҳ монда шуд. Муҳлати татбиқи он панҷ солро дар бар гирифта, дар қисми зиёди шаҳру ноҳияҳои кишвар литсейҳои касбӣ – техникӣ ва донишкадаҳо қисман таъмир ва бо таҷҳизоти муосир таъмин шуданд. Таъмири ду бинои таълимӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва насби таҷҳизоти замонавии озмоишӣ дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Кӯшониён, аз иқдомоти ба ин  лоиҳа рабтдошта маҳсуб мешавад. Роҳбари Маркази татбиқи лоиҳаҳои донишкада Бахтиёр Абдуллоев иброз намуд, ки илова ба корҳои зикршуда дар доираи лоиҳа истгоҳи барқии офтобӣ сохта шуд, ки аз 48 панели офтобӣ иборат буда, иқтидори умумии он 10 киловатт/соат аст ва қодир аст дар ҳолати зарурӣ як қисмати донишкадаро бо барқ таъмин кунад. Лоиҳа ба ҷуз аз сохтмону воридсозии таҷҳизот, ҳамчунин баргузор к...

Хатлон. Вакилон савганд ёд карданд

Изображение
Ёзда ҳуми марти соли  ҷор ӣ И ҷлосияи якуми Ма ҷлиси вакилони хал қи вилояти Хатлон даъвати шашум баргузор гардид. Дар он доир ба масъалаи якум — «Дар бораи ҳисоботи Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон» раиси Комиссияи вилоятии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбоналӣ Қурбонзода баромад намуд. Ӯ қайд кард, ки бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар вилоят 14 ҳавзаи интихоботии ҷумҳуриявӣ, 69 ҳавзаи вилоятӣ ва 944 ҳавзаи шаҳрию ноҳиявӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шуд. Дар 69 ҳавзаи интихоботӣ оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон 253 номзад ба вакилӣ (бо пешниҳоди конференсияҳои ҳизбӣ 95 нафар ва аз тариқи худп...

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Изображение
Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни фархундаи модарон – 8 март, ки бо ташаббусу иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии азизи Тоҷикистон солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, дар бораи модаре ки ба баҳори 94 – умин умри худ қадам гузошт нанавиштан ба андешаи ман барои аҳли қалам гуноҳи нобахшиданист. Дар бораи рӯзгори талху ширини модаре, ки қабл аз ҳама вазифаи муқаддаси худ, яъне модариро ба ҷо оварда фарзандони солеҳу донишманд ва соҳибҳунарро тарбия намуда ба воя расонидааст. Ин модари меҳрубон сокини деҳаи “Иттифоқ”-и ҷамоати деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён Махсумгул Додарбекова буда, дар яке аз деҳаҳои зебоманзари куҳистони Тоҷикистон зода шуда, бо ҳукми тақдир ва бо мақсади ободонии даштҳои синабирёни водии Вахш, солҳои чилуми асри гузашта бо ҳамроҳи аҳли оилаашон муҳоҷир шуда, ба Вахшонзамин омадааст. Гарчанде ҷавон буд, вале аз нахустин рӯзҳои муҳоҷирӣ ба кори саҳро баромад. Қатори ҳамсоло...

БУНЁДИ ДУ КӮДАКИСТОН БАРОИ 500 НАФАР ДАР БАЛХӢ

Изображение
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони ду муассисаи томактабӣ барои фарогирии 500 нафар кӯдак бо маром идома дорад. Бино ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Сайдалӣ Маҳмуродов, дар доираи таҷлили ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Саидов дар ноҳия сохтмони муассисаи томактабии дуошёна барои 200 нафар кӯдак дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Маблағи сохтмон беш аз 10 миллион сомонӣ буда, аллакай 90 фоизи корҳо ба анҷом расидаанд. Ин ягона кӯдакистоне дар ноҳия мебошад, ки бо тамоми шароити муосир бунёд шуда истодааст. Баъди ба фаъолият шурӯъ кардани он беш аз 30 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори домӣ таъмин хоҳанд шуд,- гуфт ӯ. Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар ноҳия сохтмони боз як кӯдакистони дигар барои 300 нафар кӯдак оғоз гардидааст, ки то ин ҷашни умумимиллӣ ба истифода дода мешавад. Сулаймон СУЛТОНОВ

700 ТОННА МОҲӢ ИСТЕҲСОЛ ШУД

Изображение
- Баъди чанд моҳи иҷро нагардидани ҷамъоварии нақшаи адоз дар соли 2019 хушбахтона дар моҳи январи соли 2020 қисми даромади буҷети ноҳия 100 фоиз таъмин шуд, - гуфт раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саиди Ёқубзод зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон. Номбурда афзуд, ки давоми соли 2019 аз панҷ корхонаи пахтатозакунӣ дар ноҳия чор ададаш тамоман фаъолият накард. Аз ҳисоби кор накардани ин корхонаҳо анқариб 4 миллион сомонӣ қарздорӣ ба вуҷуд омад. Дар маҷмуъ дар ноҳия 8,5 миллион бақияи қарзи андоз мавҷуд аст. Гуфта шуд, ки соли 2019 барои кишоварзони ноҳия соли бобарор буд. Чунки хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳия ба андозаи 700 тонна моҳӣ истеҳсол карданд, ки ин нишондод 34 фоизи истеҳсоли моҳии вилоятро дар бар гирифта, нисбати соли 2018-ум 343 тонна зиёд мебошад. Рӯзноманигрон нисбати мушкилоти норасоии оби тозаи ошомиданӣ, қарздории хоҷагиҳои деҳқонӣ аз андоз ва фарогирии ками кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ суолҳо пешниҳод карда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд. Сулаймон СУЛТОНОВ...

ХАТЛОН: БУНЁДИ 300 МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ

Изображение
Бо харҷи беш аз 20 миллион сомонӣ дар вилояти Хатлон давоми соли 2019-ум 96 майдончаи варзишӣ, ҳафт толори варзишӣ, ду ҳавзи шиноварӣ, як маҷмааи варзишӣ ва як варзишгоҳ бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон иттилоъ доданд, бояд то соли 2021 дар қаламрави вилоят 300 майдончаи варзишӣ сохта шавад. Зикр гардид, ки бештари майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб (9 адад), Шаҳритус (10 адад), Данғара (8 адад), Абдураҳмони Ҷомӣ (8 адад), Фархор, Ховалинг, ва Ҳамадонӣ ( 6 ададӣ) бунёд шудаанд. Соли 2019 барои бунёди иншооти варзишӣ аз ҳисоби мақомотҳои маҳаллӣ 1 миллиону 190 ҳазор сомонӣ ва аз дигар сарчашмаҳо 20 миллиону 111 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Сулаймон СУЛТОНОВ

“РАХШ” БА БОХТАР РАСИД

Изображение
Шурӯъ аз моҳи августи соли 2019 бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Умед Исматов, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ширкати мусофиркашонии “Рахш таксӣ” фаъолиятро оғоз кард. Муовини директори ширкати мазкур Алиҷони Олимҷон гуфт, ки “Рахш таксӣ” аввалин ширкати мусофиркашонист, ки дар маркази вилояти Хатлон корро оғоз кардааст. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки айни ҳол ширкат дорои 70 автомошинаи сабукрав буда, шабонарӯзӣ бо нархҳои дастрас ба мурдум хизмат мерасонад. Маъмурияти ширкати мусофиркашонии “Рахш таксӣ” ният доранд дар оянда хизматрасонии мошинҳои боркашро низ роҳандозӣ намояд. Сулаймон СУЛТОНОВ