БУНЁДИ ДУ КӮДАКИСТОН БАРОИ 500 НАФАР ДАР БАЛХӢ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони ду муассисаи томактабӣ барои фарогирии 500 нафар кӯдак бо маром идома дорад.
Бино ба иттилои мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Сайдалӣ Маҳмуродов, дар доираи таҷлили ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Баҳодур Саидов дар ноҳия сохтмони муассисаи томактабии дуошёна барои 200 нафар кӯдак дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Маблағи сохтмон беш аз 10 миллион сомонӣ буда, аллакай 90 фоизи корҳо ба анҷом расидаанд. Ин ягона кӯдакистоне дар ноҳия мебошад, ки бо тамоми шароити муосир бунёд шуда истодааст. Баъди ба фаъолият шурӯъ кардани он беш аз 30 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори домӣ таъмин хоҳанд шуд,- гуфт ӯ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар ноҳия сохтмони боз як кӯдакистони дигар барои 300 нафар кӯдак оғоз гардидааст, ки то ин ҷашни умумимиллӣ ба истифода дода мешавад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Комментарии
Отправить комментарий