Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад
Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни фархундаи модарон – 8 март, ки
бо ташаббусу иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии азизи Тоҷикистон
солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, дар бораи модаре ки ба баҳори 94 –
умин умри худ қадам гузошт нанавиштан ба андешаи ман барои аҳли қалам гуноҳи
нобахшиданист. Дар бораи рӯзгори талху ширини модаре, ки қабл аз ҳама вазифаи
муқаддаси худ, яъне модариро ба ҷо оварда фарзандони солеҳу донишманд ва
соҳибҳунарро тарбия намуда ба воя расонидааст.
Ин модари меҳрубон сокини деҳаи “Иттифоқ”-и ҷамоати
деҳоти “Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён Махсумгул Додарбекова буда, дар яке аз
деҳаҳои зебоманзари куҳистони Тоҷикистон зода шуда, бо ҳукми тақдир ва бо
мақсади ободонии даштҳои синабирёни водии Вахш, солҳои чилуми асри гузашта бо
ҳамроҳи аҳли оилаашон муҳоҷир шуда, ба Вахшонзамин омадааст.
Гарчанде ҷавон буд, вале аз нахустин рӯзҳои муҳоҷирӣ ба
кори саҳро баромад. Қатори ҳамсолони худ барои ободонию сарсабзии ин гӯшаи диёр
ҳиссаи хоксоронаи хешро гузошт. Шавҳараш шодравон Умарбек Додарбеков низ
рӯзгори мушкилу ибратомӯзеро паси сар карда, малакаи зиндагӣ андӯхта буд.
Шавҳари меҳрубонаш солҳои сиюм аз ҷумлаи шахсиятҳои донишманду фаъоли ҷомеа буд.
Дар он солҳо дар корҳои ҷамъиятию ҳокимиятдорӣ фаъолона иштирок мекард. Ба
хусус дар ташкилотҳои комсомолии вақт, ки дар ташаккули тарбияи насли ҷавон
нақши созанда доштанд, иштироки фаъолона дошт. Ин буд, ки чун яке аз шахсияти
босаводу яке аз фаъолони ҷомеаи ҳамонвақта соли 1936 вакили анҷумани X - созмони
умумииттифоқии комсомолӣ интихоб гардида, ба шаҳри Маскав, ки пойтахти давлати
абарқудрати Шӯравӣ ҳисоб меёфт, ҳамон вақт сафар намуд. Бо шахсиятҳои машҳури
ҳамон давр аз ҷумла М. Калинин дидору мулоқот кард. Вале тақдири минбаъдааш
талх омад. Мисли шахсиятҳои барои миллату Ватан хизмат намуда Нусратулло
Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур бо туҳмату буҳтон соли 1937 бегуноҳ ба ҳабс гирифта
шуд. Даҳ соли расо паси панҷараи зиндон нишаст. Баъди ба озоди баромаданаш 54
маротиба барои бегуноҳ ба ҳабс гирифтанаш ба мақомоти болоии шаҳри Маскав номаи
шикоятӣ навишт. Оқибат ҳақ ба ҳақдор расид. Ба номаи шикоятии 54 – умаш ибтидои
солҳои панҷоҳум ҷавоб омад. Барояш ҳуҷҷате доданд, ки тибқи қарори коллегияи
Суди Олии СССР бегуноҳияш исбот шудаасту ӯ дар назди қонуну ҷомеа гуноҳе
надорад. Ҳатто музди миёнаи маоши 10 сол бегуноҳ дар маҳбас нишастанашро барояш
пардохт намуданд. Минбаъд ин шахсияти таърихӣ солҳои зиёд ҳамчун ҳисобчӣ, раиси
комиссияи тафтишоти колхози овозадори ба номи Максим Горкии ноҳияи имрӯза
Кӯшониён, ки солона қариб 14 ҳазор тонна пахта истеҳсол мекард, дар паҳлуи
шахсиятҳои маъруф чун депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон
Нуриддинов, депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сангак Бекназаров содиқона
кору фаъолият намуд.
Дар ҳама лаҳзаҳои шодию ғам, мушкилоту осонӣ ҳамсари
меҳрубонаш Махсумгул Додарбекова дар паҳлӯяш буд. Шодию ғами зиндагиро бо ҳам
медиданд. Онҳо соҳиби оилаи тифоқу намунавӣ буданд. 9 фарзандро бо нони ҳалоли
заҳмати худ тарбия намуда, ба камол расониданд. Фарзанди калони модар Аловиддин
Додарбеков чун шахсияти донишманду соҳибэҳтиром мисли падару модараш дар байни
аҳли деҳу хоҷагию ҷамоату ноҳия ва коргоҳ обурӯю мартабаи хосеро соҳиб гардид.
Номбурда баъди хатми факултаи физикаю математикаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри
Душанбе солҳои зиёд ба ҳайси омӯзгори фанҳои дақиқ, ҷойнишини директор оид ба
таълиму тарбия дар дабистони рақами 10-и ноҳияи Кӯшониён кору фаъолият намуд.
Дар солҳои аввали истиқлолият дар маъракаи интихоботӣ иштирок намуд. Дар байни
5 номзад ғолибиятро ба даст оварда, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят
интихоб гардид. Тӯли қариб 5 соли вакилӣ ба таклифу пешниҳодҳои ҷолиби диққату
манфиатбахши халҷу Ватан дар беҳбуди рӯзгори мардум ва ободонию гулгулшукуфоии
Ватан саҳми арзанда гузошт.
Вале тақдирро бинед, ки чун садҳо тан аз нафарони бегуноҳ
солҳои ҷанги бемаънию бародаркуши шаҳрвандӣ мисли падар бо туҳмату буҳтони
беасоси нафарони бадкеш ба маҳбас афтод. Вале чун бегуноҳ буд, баъди тафтишу
таҳқиқи дақиқ аз маҳбас баромад. Туҳматгарон аз ин рафтори худ хиҷилзада шуда,
баъзе нафарашон аз ӯ бахшиш пурсиданд. Вале чун вазъи маҳбасхонаҳо он вақт на
он қадар орому осуда буд, Аловиддин аз зарби лату кӯби шахсиятҳои бемасъул бо
тани обгору дили пурдард ба озодӣ баромад. Баъди ин фаъолияти омӯзгориашро
идома бахшид. Баъдан ӯро чун шахсияти маҳбубу донишманду кордон раиси кумитаи
маҳалла интихоб карданд. Ҳамчунин дар назди кумитаи тараққиёти назди ҷамоати
деҳоти Заргар, дар паҳлуи шахсияте чун Сангак Бекназаров ба ҳайси ҷонишини
раиси кумитаи тараққиёти назди ҷамоати деҳоти Заргар кору фаъолият намуд.
Зарбу ранҷу дардҳои кашидааш оқибат кори худро карданд.
Дар айни камолоти кору фаъолият 10 – июни соли 2004 дар дафтари кориаш дар
бинои ҷамоати деҳот фавтид. Марги нобаҳангоми фарзанди арҷманд мадори
меҳрубонро ғамзадаю ғамбемор гардонд. Аз шиддати боридани борони ашки сӯзон дар
нисбати марги ҷигарбанди арҷмандаш модари ғамдида баъдан аз ду дидаи бино
маҳрум гашт. Ҳозир ҳам чун нисбати ин азизи арҷмандаш андешае ба сараш меояд, ё
нисбати некию шоистагиаш дар маҳфилҳо сухан дар бораи шодравон Аловиддин Додарбеков
меравад момои Махсумгул нороҳату дардманд мешавад ва аз дидаи нобиноаш ашки ғам
мерезад.
Ҳангоми суҳбат ин модари муштипар иброз медорад, ки ӯро
ғаму дарди фарзанди ҷигарбандаш, ки қобилияту истеъдоди шоирӣ ҳам дошт ба ранҷи
нобиноӣ гирифтор намудааст.
Барои исботи суханони хеш ин сатрҳои ҷовидонаи шеърии
Аловиддинро, ки 1 – уми июли соли 1993 ҳангоми дар маҳбаси шаҳри Душанбе қарор
доштанаш нисбати модар эҷод кардааст, лозим медонем ёдоварӣ намоем.
Ин шеър таҳти унвони “Нома ба модар” дар китоби ашъори
шодравон Аловиддини Додарбеков, ки соли 2009 дар шаҳри Душанбе бо номи “Шеъри
зиндонӣ” рӯи чоп омадаанд, ёдоварӣ шудааст:
Аё модар марезон ашки ҳасрат,
Фидои қатраи ашкат шавам ман.
Чаро зодӣ маро дар рӯи олам,
Ки охир доғу ҳам дардат шавам ман?
Худо бахшидаят зебо писарҳо,
Ба гирдат духтарон монанди моку.
Вале ҳар дам фиғон созӣ, Худоё,
Нахустфарзанди дилбандам канӣ? ку?
Ба сӯи тифлакони ман ҳамеша,
Нигаҳ созӣ ба ду чашми харидор,
Нишонеро зи ман кобӣ дар онон,
Бад – ин сон мерасӣ гӯё ба дидор.
Сари гаҳвораи тифлам нишинӣ,
Зи чашмонаш, зи дастонаш бибӯӣ,
Табассум дар лабу ду дида хуноб,
В – аз он тифлак ту бӯи ман биҷӯӣ.
Аё модар ҳама олам фидоят,
Ки шамъи хонаю дунёи моӣ,
Чӣ созам гар маро қисмат ҳаво дод,
Аз оғушат ба гирдоби ҷудоӣ.
Дар пешсухани китоби шодравон Аловиддин Додарбеков муҳаққиқу
донишманди варзида Муҳаммадалии Даштиҷумӣ чунин сатрҳоро болои саҳифа
овардааст: “Шеъри зиндонӣ” чакидаҳои хомаи шикастаи зиндон, саҳифаҳои
зағорхӯрдаи кунҷи маҳбаси марҳум Аловиддин аст,... ки гирифториҳои иштибоҳӣ бар
тури замон, ҳамдарди сарнавишти миллату Ватан, роғҳои масири нохуши сарнавишти
ёру диёр...дар китоби шеърӣ ва шеъргунаҳое чакидааст бар рухсораи коғазпораҳои
дастхӯрдаи чун барги ниҳоли зиндагии тирамоҳиаш ранги хазонбадаст...”
Дар нисбати фарзанди хирадманду ба илму фарҳанги нобаҳангом
рафтаи модари ранҷкишида, момои Махсумгул, Муҳаммадалии Даштиҷумӣ дар
пешгуфтори китоби номбурда боз менависад:
“Талхтарин марг, марги нобавақти як инсони шариф аст, ки
ҳанӯз метавонист барои халқи Худо ва Меҳани худ амали муфидеро ба ҷо орад.
Талхтарин марг, марги як инсони солеҳ ва барои инсонҳо судманду судовар аст.”
Модари соҳибирода тавонист дар ҳалқаи дигар фарзандони
солеҳу бо шарафаш ки яке омӯзгору дигаре табиб ва сеюмин муҳандиси варзида бо
сабру шикебоӣ марги нобаҳангоми ҷонсӯзу ҷонгудози нахустфарзанди арҷмандашро
таҳаммул намояд.
Имрӯз модари меҳрубон аз баҳори 94 – умини умри хеш самар
мегирад. Дар арафаи таҷлили Рӯзи модар наберааш Равшанҷон, ки имсол факултаи
ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии шаҳри Магнитогорски Русияро хатм мекунад, аз ин шаҳри
металургҳо, баъдан аберааш Эмомалӣ, ки дар Академияи ҳарбии шаҳри Душанбе
таҳсил дорад занг зада бибиашонро бо ҷашни фархунда табрик карданд. Абераи
дигараш Фараҳноз аз шаҳри Алмаатои Қазоқистон занг зада баробари ҳолпурсӣ ӯро
табрику таҳният кард. Боз фарзандону набераю абераҳои дигараш аз гӯшаҳои
гуногуни кишвару хориҷи кишвар занг зада шодбошаш гуфтанд. Момои Махсумгул
бонуи хушбахту хуштолеъ аст, ки имрӯз соҳиби 147 фарзанду набераю абераю чабера
аст. Чабераи аз ҳама хурдсолаш Ҳумайро аст,ки дар шаҳри Душанбе бо модараш
зиндагӣ мекунад. Ӯ фарзанди абераи азизаш Рухшона аст, ки касби духтуриро пеша
кардааст. Аксари набераҳояш ҳам пайи илму дониш рафта, ихтисосҳои гуногун, аз
қабили рӯзноманигор, ҳуқуқшинос, духтур ва ғайраро соҳиб шудаанд.
Модар гарчанде ду – се моҳи охир баробари нобиноӣ аз
дарди дигаре боз ранҷур асту машаққат мекашад, вале ба ёди ҷигарбанди азизаш
Аловиддин, фарзандони дар паҳлую ҳалқааш буда Ҷамолиддин, Амолиддин,
Меъроҷиддин, Сиҷоҳиддин, Ҷамшед, духтаронаш Марҳамату Фазилату Санавбар ва
набераю абераҳои дустрӯяш бо сабру тоқати ба худаш хос ин ҳама дарду ранҷро
таҳаммул мекунад. Ба қудрату тавоноии чунин модарон мисли момои Махсумгул тан
бояд дод, ки бо вуҷуди дарду ранҷи шиканҷаи зиндагӣ то ҳамин ду се моҳи охир
намозашро рост истода мехонд. Баъди намози бомдод, аз соатҳои сею чори шаб то
тулуъи офтоб аз оятҳои қуръонӣ сураҳо хонда ба руҳи гузаштагони некномаш дуою
фотиҳа мефиристад. Пирӣ акнун ду се моҳи охир имконаш намедиҳад ба муддати дуру
дароз ба ибодату саҷдаи Худо пардозад. Бо Худои худ розу ниёз гӯяд. Вале аз он
хурсанд аст, ки ҳамчун модар дар таълиму тарбияи фарзандон, набераю абераҳояш
хизмати шоистаеро ба ҷо овардааст ва онҳо ба миллату Меҳан содиқона хизмат
мекунанд.
Вале шукр, ки бо ин ҳама гузашти умр ӯ хотираи қавӣ
дораду рӯзгори паси сар кардаашро бо ҳама пасту баландӣ, шодию ғамаш ба
фарзандону набераҳою аберагон қисса мекунад. Ба онҳо бо мақсади тарбия аз
рӯзгори ибратбахши худ ва гузаштагони шоистааш, ҳамчунин фарзандону пайвандони
хирадмандаш суханони пандомӯз мегӯяд. Модари меҳрубон умри худро бо солшумории
шамсӣ 94 ва бо солшумории қамарӣ 97 мегӯяд. Ӯ зимни суҳбат иброз кард, ки умри
паёмбари гиромӣ ҳазрати Муҳаммад (с) аз рӯи солшумории қамарӣ 63 шумурда мешавад.
Яъне аз рӯи ин солшуморӣ дар ҳар як 30 соли умр як сол изофа мегардад. Аз рӯи
ин фикру ақида гуфта метавонем, ки модари меҳрубон қариб 100 сол, яъне як аср
умр дорад.
Зимни хайрбод ӯ дуру дароз ба мо дуои неку фотиҳаҳо дода,
барои ҷумла фарзандони баруманди миллат, аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати
миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
дӯои хайр гуфт. Барори кору шоистагии рӯзгорро орзу намуд. Дуо кард, ки мисли ӯ
умри дароз бинему дар зиндагӣ ғаму каму ранҷро надошта бошем. Мо чун подоши
эҳтирому ҷонибдорӣ баробараш дасти дуо ҷониби Худои меҳрубон бардоштем.
Воқеан аз чунин шахсиятҳои худотарсу мушфиқу меҳрубон ва
соҳиби таҷрибаи ғании рӯзгор дуои нек гирифтан касро роҳату руҳбаландию
умедворӣ мебахшад. Дарду ғам аз танат дур бод, эй модари меҳрубон!!!
Сулаймон Султонов
Комментарии
Отправить комментарий