700 ТОННА МОҲӢ ИСТЕҲСОЛ ШУД
- Баъди чанд моҳи иҷро нагардидани ҷамъоварии нақшаи адоз дар соли 2019 хушбахтона дар моҳи январи соли 2020 қисми даромади буҷети ноҳия 100 фоиз таъмин шуд, - гуфт раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саиди Ёқубзод зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон.
Номбурда афзуд, ки давоми соли 2019 аз панҷ корхонаи пахтатозакунӣ дар ноҳия чор ададаш тамоман фаъолият накард. Аз ҳисоби кор накардани ин корхонаҳо анқариб 4 миллион сомонӣ қарздорӣ ба вуҷуд омад. Дар маҷмуъ дар ноҳия 8,5 миллион бақияи қарзи андоз мавҷуд аст.
Гуфта шуд, ки соли 2019 барои кишоварзони ноҳия соли бобарор буд. Чунки хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳия ба андозаи 700 тонна моҳӣ истеҳсол карданд, ки ин нишондод 34 фоизи истеҳсоли моҳии вилоятро дар бар гирифта, нисбати соли 2018-ум 343 тонна зиёд мебошад.
Рӯзноманигрон нисбати мушкилоти норасоии оби тозаи ошомиданӣ, қарздории хоҷагиҳои деҳқонӣ аз андоз ва фарогирии ками кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ суолҳо пешниҳод карда ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Комментарии
Отправить комментарий