Хатлон. Сироятёбӣ ба коронавирус коҳиш ёфт

 №68 (4174) 09.06.2020

Имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_20200604_144903Тибқи таҳлили кормандони соҳаи тандурустӣ, дар вилояти Хатлон шиддати коронавирус нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар паст гардида, бистарикунонӣ дар беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳо камтар ба қайд гирифта шуд. Вобаста ба ин суҳбате доштем бо сардухтури навтаъини Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар Шамсулло Олимзода.

Ӯ аз ҷумла чунин гуфт:

- Дар беморхона барои табобати муроҷиаткунандаҳо шароит муҳайё аст. Масалан, дар шуъбаҳои сироятӣ ва наҷот 112 кат омода мебошад, ки бо хати оксиген таъминанд. Дар шуъбаи эҳёгарӣ низ ҳашт дастгоҳи нафаскашии сунъӣ ва ду оксигенератори калонҳаҷм, ки ҳар кадомашон дар як вақт 16 беморро бо оксиген таъмин менамоянд, мавҷуд мебошанд. Дар маҷмӯъ, 600 кат барои қабули беморон омода аст.

Беморхона бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дорувориҳои лозима таъмин мебошад. Табибон аз дастгирии шахсони саховатпеша қаноатманданд.

Дар анбори беморхона ба қадри кофӣ доруворӣ, сарулибоси муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва безараргардонӣ захира карда шудаанд.

Беморон ва 60 табибу дигар кормандони тиб ҳар рӯз бо хӯроки гарм таъминанд. То ин муддат аз 255 бемори илтиҳоби шуш  215 нафар сиҳат шуданд.

Хушбахтона, рӯзҳои охир шумораи бистаришавандаҳо хеле коҳиш ёфт. Масалан, пештар агар то 18 нафар дар як рӯз бистарӣ мешуданд, ҳоло 4 — 6 нафар муроҷиат мекунанд.

Масъулини Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар тамоми неру ва малакаро баҳри солимии ҷомеа равона намуда, муътақиданд, ки мушкилот паси сар мегардад. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар яке аз баромадҳояшон гуфтаанд: «Зиндагӣ мубориза аст ва дар ин мубориза касе дастболо мешавад, ки ақлу заковати худро ба кор мебарад».

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?