Бохтар. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ афзоиш ёфт

 №156 (4262) 29.12.2020

Дар мамлакат бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ, баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар, ба эҳёву рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Инчунин, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт тадбирҳои зиёд роҳандозӣ мешаванд. Аз ҷумла, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат қабул гардида, рушди он барои таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави кор, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Саноатчиёни шаҳри Бохтар баҳри татбиқи ин ҳадафи муҳим, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ, новобаста ба паҳншавии бемории коронавирус ва вазъи номусоиди иқтисодӣ, ҳама захираю имкониятро самаранок истифода бурда, ба маблағи 173 миллиону 866,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 870,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоишро 105,4 фоиз таъмин менамояд.

Зимни суҳбат сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Афзал Юсуфзода иброз дошт, ки дар шаҳр 47 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, самти фаъолияти онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, хӯрокворӣ, коркарди шир, коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулоти сохт­монӣ, маҳсулоти чӯбин, чопи нашрияҳои даврӣ, маҳсулоти шустушӯӣ, заргарӣ, барқ ва об равона гардида, дар онҳо зиёда аз 20 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешаванд.

Аз шумораи умумии коргоҳу корхонаҳои саноатии шаҳр 39 адад фаъолияти хубу назаррас ­дошта, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатиро аз 100 то 400 фоиз таъмин намудаанд. Аз ҳаҷми умумии истеҳсол ҳиссаи саноати дӯзандагӣ 4 миллиону 865,3 ҳазор сомонӣ, саноати хӯрокворӣ 8 миллиону 36,3 ҳазор сомонӣ, пахта 12 миллиону 359,9 ҳазор сомонӣ, маҳсулоти сохтмонӣ 2 миллиону 32,2 ҳазор сомонӣ, ҳиссаи маҳсулоти чӯбию чопӣ, шустушӯӣ, заргарӣ ва трансформаторҳо 28 миллиону 884,3 ҳазор сомонӣ, об 9 миллиону 732,4 ҳазор сомонӣ, барқ 27 миллиону 410,4 ҳазор сомонӣ ва бахши хусусӣ 82 миллиону 345,5 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Ҳамсуҳбатам, ҳамчунин, зикр намуд, ки дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳо низ ҷой доранд. Дар давраи ҳисоботӣ ду корхона, аз ҷумла ҶДММ «Майрамбибӣ», ки ба коркарди маҳсулоти заргарӣ ва ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагии 2016», ки ба дӯхти либосҳои мактабӣ машғуланд, бинобар набудани фармоишгар, фаъолият накарданд. Инчунин, шаш корхонаи дигар, аз қабили ҶСП «Баракат», ҶДММ «Дилором», ҶСП «Равғани сомонӣ», ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ», ҶДММ «Маркази ҳунаромӯзӣ» ва ҶДММ «Насим» ки фаъолияташон ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, нонӣ, равған ва маҳсулоти сохтмонӣ равона шудааст, бо сабаби надоштани харидор, рақобатпазир набудан дар бозор ва надоштани ашёи хом ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2019 коҳиш доданд.

Бо мақсади иҷрои ­дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили минтақаҳои саноатӣ дар шаҳри Бохтар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 дар масоҳати 7,38 гектар барои сохтмони коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар замин ҷудо карда шуд. Дар ин минтақаи саноатӣ ба 11 нафар соҳибкор барои бунёди корхонаҳо замин ҷудо гардида, аллакай се корхона — ҶДММ «Қӯрғонтеппасох­тмон», ки фаъолияташ ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ равона шудааст, бо таъсиси 100 ҷойи кор, ҶДММ «Сомон Байк» истеҳсоли дучарха ва нассоҷӣ бо 33 ҷойи кор ва ҶДММ «Артес» истеҳсоли маҳсулоти хӯрок­ворӣ бо фарогирии 135 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб фаъолият доранд. Дар шаш коргоҳу корхонаи дигар сохтмон идома дорад.

- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъкид намудаанд, ки «Дар 15 соли оянда бояд саҳми саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад». Ин нишондодро масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар сармашқи кор қарор дода, мекӯшанд ба рушди саноат суръати тоза бахшанд. Зеро бунёди корхонаҳои саноатӣ, агар аз як ҷониб ба муҳайё гардидани ҷойҳои нави кор боис гардад, аз ҷониби дигар, ба ғанигардонии буҷети маҳаллию ҷумҳуриявӣ мусоидат менамояд, — гуфт дар фарҷом Афзал Юсуфзода.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?