Хатлон. Кумаки Пешвои миллат ба табибу бемор ва оилаҳои аз офати табиӣ зарардида
№63 (4169) 28.05.2020
Чанде пеш аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 233 нақлиёти боркаш аз шаҳри Душанбе ба беморон, табибони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон доруворӣ, хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ дастрас шуд.
Арзиши умумии кумак 6 миллион сомонӣ буда, дар маҷмӯъ аз 84 тонна хӯрока (42 тонна ба табибону беморон ва 42 тонна ба оилаҳои зарардида) таркиб ёфтааст.
Ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон 3 ҳазору 700 дона шифер, 180 тонна семент, 78 тонна арматура ва 750 куб тахта дастрас гардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маросими қабули кумак аз номи сокинони вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ кард.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий