«Ахтари Вахш» истеҳсоли ниқобро ба роҳ монд

 

img_20200504_103429Дар ноҳияи Вахш Корхонаи дӯзандагии «Ахтари Вахш» дӯхтани ниқоби тиббиро ба роҳ монда, рӯзе 2 ҳазор ниқоб метавонад истеҳсол кунад.

Бино ба иттилои директори корхона Муҳаммад Ҳасидов, то  ба ҳол корхона 15 ҳазор ниқоб истеҳсол карда, муассисаҳои тандурустӣ, корхонаву ташкилот ва аҳолии ноҳияро таъмин менамояд.

Феълан дар корхона 18 зану духтари маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буда, ҳар нафар дар як рӯз зиёда аз 200 дона ниқоб медӯзад.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Хатлон. Чор мушкили меҳварии идораҳои коммуналӣ