Вахш. Ҳиммати соҳибкор

 №108 (4214) 05.09.2020

коллаж 4таБо ибтикори соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсуфов дар заминаи Муассисаи ғайридавлатии Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш беморхонаи хуштарҳу замонавии дорои 100 кат бунёд гардид. Барои сохтмони он чор миллион сомонӣ харҷ шудааст. Беморхона аз чор шуъба — амрози дарунӣ, амрози занона, ҷарроҳӣ ва шуъбаи кӯдакона иборат мебошад.

Тавре директори муассиса Ҷамил Ҷалолов иброз дошт, баъди ба истифода додани беморхона беш аз 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Муассиса бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Номбурда афзуд, ки санги асоси беморхона соли 2014, зимни ифтитоҳи коллеҷ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд.

Инчунин, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори зикршуда дар Хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб» кохи фарҳанги дорои ду ҳазор ҷойи нишаст сохта шудааст, ки бо харҷи ду миллион сомонӣ бунёд ёфта, беш аз 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?