Бохтар. Корҷӯён соҳиби ҷои махсус шуданд

 №95 (4201) 08.08.2020

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва соҳибкорони маҳаллӣ дар маҳаллаи Ғайрати шаҳр барои занону мардони корҷӯ макони махсуси болопӯшидаи баҳамоӣ бунёд гардид, ки 0,04 гектар масоҳат дошта, барои 150 нафар пешбинӣ шудааст.

Он имкон медиҳад, ки корҷӯён аз нурҳои сӯзони офтоб ва барфу борон эмин бошанд.

Бояд гуфт, ки чанд сол боз корҷӯён дар назди Терминали мусофиркашонии шаҳри Бохтар, канори роҳ барои пайдо кардани кори ҳаррӯза ҷамъ меомаданд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?