Ташхисгоҳи вирусологӣ дар Хатлон
№66 (4172) 04.06.2020
Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ташхисгоҳи вирусологӣ ба фаъолият оғоз кард.
Тибқи иттилои директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят Нурулло Бояков, дар ташхисгоҳи нав имкон ҳаст, ки дар як шабонарӯз 150 – 200 таҳлил гузаронида шавад. Муҳим он аст, ки хизматрасонӣ ройгон ба роҳ монда шудааст.
Мутахассисони ташхисгоҳ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси махсуси омӯзишӣ гузаштанд.
Бояд қайд кард, ки қаблан таҳлили гумонбарони бемории COVID – 19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий