Дар Кӯшониён бинои ҳафтошёна бунёд мешавад
Дар маркази ноҳияи Кӯшониён – шаҳраки Исмоили Сомонӣ бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Давлатов сохтмони аввалин бинои истиқоматии ҳафтошёна оғоз гардид.
- Бинои мазкур бо харҷи 11 миллион сомонӣ сохта, соли 2021 ба истифода дода мешавад, — мегӯяд мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён Фаридун Сафарбекзода. — Биноро мутахассисони маҳаллӣ бунёд менамоянд ва бо маоши хуб таъминанд.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси соҳибкори маҳаллии дигар дар маркази ноҳия боз бунёди ду бинои панҷқабатаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи онҳо, дар маҷмӯъ, 18 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий