Бохтар. Соҳибкорон барои ободии маркази маъмурии Хатлон саҳм мегузоранд

Солҳои охир дар натиҷаи заҳмати пурсамари сокинон маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар бо қомат афрохтани биноҳои баландош­ёна, марказҳои савдою хизматрасонӣ, бунёди гулгашту хиёбонҳо ободу зебо шудааст. Роҳбарияти Мақомоти иҷро­ияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ин ҳама пешравиро натиҷаи сиёсати созандаи Давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон медонад.
Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода гуфт, ки то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, тибқи нақша, дар шаҳр бунёди 307 иншоот пешбинӣ гардидааст, ки аллакай 89 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ҳоло сохтмони зиёда аз 100 иншооти дигар бомаром идома дорад. Аз иншооти бунёдшаванда 18 ададаш корхонаҳои саноатианд, ки сохтмони чортои он ба охир расидааст. Се адади дигар дар арафаи Ҷашни байналмилалии Наврӯзи соли 2020 ба истифода дода хоҳад шуд. Ҳамчунин, то соли 2021 дар шаҳр бунёди 65 бинои истиқоматии баланд­ошёна ба нақша гирифта шудааст. То ба ҳол сохтмони як бинои шашошёна, як 15 — ошёна ва чор сеошёна ба итмом расидааст. Ҳамчунин, ду бунгоҳи саломатӣ, бинои раиси кумитаи маҳалла, шаш маркази савдо, чойхона, ду сартарошхона, кошонаи ҳусн, майдончаҳои бозии кӯдакон ва чор дӯкони тиҷоратию хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Илова бар ин, бунёд ва бозсозии 10 майдону гулгашт, аз ҷумла, маҷмааи «10 – солагии Ваҳдати миллӣ», майдонҳои ба номи Рӯдакӣ, Румӣ, «Шаҳидон», маҷмааи «Нишони давлатӣ», «70 – солагии азхудкунии водии Вахш», боғи истироҳатии ба номи Раҳмон Мӯрчаев, боғчаи истироҳатии кӯдаконаи «Фирдавс» ба маблағи 10,6 миллион сомонӣ ба анҷом расид, ки 5,3 миллион сомонии он аз ҳисоби соҳибкорон мебошад.
Раиси шаҳри Бохтар афзуд, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар барои солҳои 2016 – 2020» қабул гардидааст, ки 76 лоиҳаро ба маблағи 1 миллиарду 252,1 миллион сомонӣ дар бар мегирад. Маблағгузории барнома аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ — 37, 5, вилоятӣ-57,1, маҳаллӣ — 197,8, сармояи хориҷӣ-199,6 ва маблағҳои худӣ 881,2 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. То ин давра 45 лоиҳаи нақшавӣ амалӣ шудааст ва 19 лоиҳаи дигар дар арафаи амалишавист.
Тавре аз суҳбат бо Абдуалим Исмоилзода маълум гардид, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр 146,5 миллион сомонӣ таъмин ва қисми хароҷот ба 71,2 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Дар ин давра 24,2 миллион сомонӣ ҳиссаҷудокунӣ ба буҷети вилоят, 100 ҳазор сомонӣ ба фонди стабилизатсионӣ ва 100 ҳазор сомонӣ ба фонди сохтмони иншооти махсуси ҷумҳуриявӣ равона шудааст.
Дар шаҳр 5732 субъекти соҳибкорӣ фаъолият мекунад. Бо мақсади иҷрои бандҳои дахлдори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» Шӯрои машваратии назди раиси шаҳр ва Ассот­сиатсияи соҳибкорон оид ба беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таъсис ёфтааст.
Бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди иқтисоди кишвар, ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад, ки ба афзоиши коркарди ашёи хом ва зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулоти саноатии рақобатпазири содиротию ивазкунандаи воридот такони ҷиддӣ мебахшад. Дар пайи амалисозии тадбирҳои пешбинигардида корхонаҳои саноатии шаҳр дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 165,3 миллион сомонӣ расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,7 миллион сомонӣ ё 12,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра чор коргоҳи саноатӣ — ҶДММ «Сафар – фарма», «Имрон Бохтар», «Бохтар содирот» ва «Кота Глобал» таъсис ёфтааст, ки самти фаъолияти онҳо истеҳсоли доруворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти дарзӣ мебошад. Қобили қайд аст, ки ҶСК «Трансформатор» ба маблағи 4,9 миллион сомонӣ, ҶДММ «Ресанда» – 216 ҳазор сомонӣ, ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ» – 1,2 миллион сомонӣ ва «Маркази ҳунаромӯзӣ» ба маблағи 103 ҳазор сомонӣ истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 зиёд намудаанд.
Деҳқонони шаҳри Бохтар на танҳо бозорҳои дохилӣ, балки бозорҳои пойтахти кишвар ва дигар манотиқи ҷумҳуриро низ бо меваю саб­завоти барвақтии тару тоза таъмин менамоянд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи мавриди назар 52,4 миллион сомониро ташкил намудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 3,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Назорат аз болои иҷрои муроҷиати шаҳрвандон низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳисоб меравад. Ба ин масъала, ки дар ҷаласаҳои назоратӣ пайваста мавриди баррасӣ қарор мегирад, диққати махсус дода мешавад.
Абдуалим Исмоилзода дар интиҳо бо итминон зикр кард, ки масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, дар ҳамбастагӣ бо сокинони ҳимматбаланду меҳандӯст, минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани маркази маъмурии вилояти Хатлон саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?