Мақолаи рӯзноманигор Сулаймон Султоновро, ки таҳти сарлавҳаи «Рӯҳи озурдаи қаҳрамонро кӣ шод мегардонад?» дар рӯзномаи «Садои мардум» (2 августи соли 2017) ба табъ расидааст, мутолиа намудаму ба андеша рафтам. Воқеотеро, ки бо чашмонам дидаву аз сар гузаронидаам, бори дигар пеши назарам ҷилвагар шуданд. Соли 1988 буд. Бисёр мехостем, ки садсолагии «Шӯриши Восеъ» дар кишвар ботантана ҷашн гирифта шавад. Ба Кумитаи ҳизби коммунисти ноҳияи Ховалинг, ки зодгоҳи Восеъи қаҳрамон аст, нома навишта, матлаб арз намудам. Дар матбуоти маҳалливу ҷумҳуриявӣ низ мақола чоп кардам. Хушбахтона, маро дастгирӣ намуданд. Баробари дигар чорабиниҳои ҷашнӣ, ҷиҳати омӯзиши ҳудуди фарогири «Шӯриши Восеъ» набардгоҳҳои восеътанон, қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сафар баромадем. Ҳайати моро, ки аз даҳ нафар иборат буд нависанда Раҳмон Сафаров роҳбарӣ мекард. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ — Ҳайдар Қосимов, абераи Восеъ — Раҷабалӣ Камолов ва даъватшавандаи ҳарбӣ Муҳибулло Файзалиев низ шомили ҳайат будан
Комментарии
Отправить комментарий