400 ҳазор сомонӣ барои рушди футбол

Бо қарори раиси вилояти Хатлон барои рушди футбол ба дастаҳои «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб ва «Ҳосилот» -и ноҳияи Фархор 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
- Аз ин маблағ аллакай 300 ҳазор сомонӣ ба дастаи «Равшан» ва 50 ҳазор сомонӣ ба дастаи «Ҳосилот» дастрас шуд, — изҳор намуд муовини сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон Бобоназар Давлатов. 50 ҳазори боқимонда ба дастаи «Ҳосилот» рӯзҳои наздик дастрас мешавад.
Иқдоми раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон имкон хоҳад дод, ки дастаҳои номдор ба майдони футболи тоҷик баргашта, нуфузу эътибори вилоят ва кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?