Хатлон. Нуҳ сомонӣ барои нигоҳдории як километр роҳ
Аз як ҳазору 979 километр роҳҳои маҳаллии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон танҳо 25 дарсади онҳо ба талабот ҷавобгӯянд. Соли 2018 барои таъмири роҳҳо аз буҷети шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар 1 миллиону 911 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки ба ҳар як километр 55 сомонӣ рост меояд.
Нокифоя будани маблағ ё дар баъзе маврид тамоман ҷудо нашудани он аз буҷети шаҳру ноҳияҳо сабаби асосии ба ҳолати ногувор расидани роҳҳо дониста мешавад.
Муовини сардори Муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтари вилояти Хатлон» Набӣ Ёқубов иброз дошт, ки тибқи талаботи мавҷуда танҳо барои таъмири як километр сатҳи болоии роҳ зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ масраф мегардад. Аз ин нуқтаи назар, бо он маблағе, ки аз буҷети шаҳру ноҳияҳо ҷудо мегардад, наметавон ҳолати роҳҳоро хуб нигоҳ дошт.
Номбурда қайд намуд, ки соли сипаригардида аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, ки дар ҳудудаш 186,6 километр роҳҳои маҳаллӣ вуҷуд дорад, танҳо 10 тонна битум ҷудо гардиду халос. Ноҳияи Қубодиён, ки 144 километр роҳи маҳаллӣ дорад, 5 ҳазор сомонӣ ва ноҳияи Вахш барои беҳтар кардани ҳолати 169, 4 километр роҳи маҳаллӣ зиёда аз 9 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
Ба гуфти сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Левакант Хайрулло Ҳукматов, дар мувозинаи онҳо 111 километр роҳ қарор дорад, ки аз он 57 километрашро роҳҳои маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Соли 2018 аз буҷети шаҳр ба хотири беҳтар кардани ҳолати роҳҳои маҳаллӣ 15 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки бо он қисме аз онҳо таъмири ҷорӣ шуд.
Аз роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 80 дар сад вазъи ногувор доранд. Олим Тағоев — сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳияи мазкур гуфт, ки барои нигоҳубини 182 километр роҳҳои маҳаллӣ аз буҷети ноҳия 22 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, агар онро тақсим намоем, дар як моҳ ба як километр роҳ 9 сомонӣ рост меояд. Номбурда аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки рӯз то рӯз вазъи роҳҳои маҳаллӣ бад шуда истодаанд.
Аз суҳбат бо Нурмуҳаммад Қаҳҳоров — сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Кӯшониён маълум шуд, ки дар баробари ҷудо кардани 15 ҳазор сомонӣ аз буҷети мақомоти маҳаллӣ соли сипаригардида аз ҳисоби соҳибкорон бо харҷи зиёда аз 915 ҳазор сомонӣ роҳҳои маҳаллӣ таъмир гардидаанд. Аммо то ҳанӯз роҳҳои таъмирталаб дар ноҳия зиёд мебошанд.
Зокир Субҳонқулов — сокини деҳаи Хуррамдеҳи деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант гуфт, ки аз сабаби вайрон будани роҳ барои рафтуомади 3 километр аз 5 то 10 сомонӣ масраф мекунем. Вайронии роҳ боиси баланд гаштани арзиши роҳкирои нақлиёти мусофиркашони минтақа гардидааст.
Дар баробари сокинон ронандагони воситаҳои нақлиётро низ вайронии роҳ сахт нигарон кардааст. Алӣ ном ронанда, ки моро то назди Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ роҳбаладӣ кард, иброз дошт, ки аз вайрон будани роҳҳо ронандагон дилгир шудаанд.
- Андози роҳ гуфта аз мо маблағ мегиранд, аммо роҳҳоро таъмир намекунанд. Ҳатто роҳҳои маркази ноҳия низ ҳоли хароб доранд. Аз маблағи ночизе, ки аз ҳисоби мусофиркашонӣ ба даст меорем, қисми зиёдашро барои таъмири мошин масраф мекунем, — бо таассуф зикр кард ронанда.
Ба қавли мутахассисон, омили харобии роҳҳои маҳаллӣ кам ҷудо кардани маблағ аз буҷети шаҳру ноҳияҳо бошад, сабаби дигар норасоии техникаи муосири роҳсозӣ аст, зеро аксари онҳо, ки имрӯз дар мувозинати идораи роҳҳо қарор доранд, аз даврони шӯравӣ ба мерос монда, фарсуда шудаанд.
Коршиносон бар он назаранд, ки рушди иқтисоду саноат, афзоиши интиқоли молу ашё, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум аз ободии роҳ вобастагии зиёд дорад. Масъулинро зарур аст, ки барои беҳтар кардани вазъи роҳҳои маҳаллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»
Комментарии
Отправить комментарий