Ҳунармандон бо сари баланд ба Ватан баргаштанд

Чанде пеш дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ба муносибати 90 — солагии адиби забардасти қирғиз Чингиз Айтматов Фестивали байналмилалии театрии « Айтматов ва театр» баргузор гардид. Дар ҷашнвора ҳунармандони театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар бо намоишномаи «Асорат»-и Ҷумъа Қуддус аз рӯи романи «Қиёмат»-и Чингиз Айтматов дар таҳияи Раҷабзода Парвиз иштирок намуданд.
Ҳунармандони мо намоишномаро дар сатҳи олӣ пешкаши ҳозирин гардониданд ва тамошобинон бо кафкӯбиҳо онро пазируфтанд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев барои бо маҳорати баланд офаридани нақши Бостон дар ин намоишнома ҷоизаи «Нақши беҳтарини мардона» ва ҳунарпешаи хушсалиқа Қурбонмуҳаммад Шукуров ҷоизаи «Нақши беҳтарини мардона» дараҷаи дуюмро соҳиб гардиданд.
Ҳамчунин, аҳли заҳмати Театри вилоятии мусиқӣ мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар  бо Дипломи махсуси Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон сарфароз гардонида шуданд.
Сулаймон Султонов, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?