Дар Бохтар корхонаҳои нав бунёд мегарданд


№149 (3943) 15.12.2018
Дар доираи нақшаи бунёдкориҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон соли ҷорӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар 19 иншооти гуногуни маишию хизмат­расонӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки дар ин замина 254 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр иттилоъ доданд, дар се соли оянда боз бунёди 368 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ 7,2 гектар замин ҷудо гардидааст, ки аллакай дар чанд қитъа сохт­мон бомаром идома дорад. Корхонаҳои дучархабарорӣ, ҷӯроббофӣ ва истеҳсоли доруворӣ аз ҳамон қабиланд, ки то таҷлили ҷашни бошукӯҳ ба истифода дода хоҳанд шуд.
Айни замон, дар асоси нақшаи генералии шаҳр сохтмони 61 бинои истиқоматӣ, хизматрасонӣ, маъмурӣ, таълимӣ ва варзишӣ ҷараён дорад.
Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Комментарии

Популярные сообщения из этого блога

Дуои хайри модаре, ки қариб 100 сол умр дорад

Ҳамовозӣ Манзили охирати қаҳрамонон бояд обод бошад!

Қарзи мушкилситон дар Хатлон. Имкони ҷамъоварии он ҳаст ё не?